Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои пайиҳами Русия ба шаҳри бандарии Одесса


Шаҳри бандарии Одесса, воқеъ дар ҷануби Украина, ду шаб ба ин тараф ҳадафи ҳамлаҳои нерӯманди Русия қарор гирифтааст. Дар ин бора субҳи 19-уми июл раҳбари низомии ин шаҳр Олег Кипер дар шабакаи иҷтимоии "Телеграм" хабар дод.

То кунун миқёси зиён аз ин ҳамла ҳисоб нашудааст. Кипер навиштааст, ки дар бораи талафот баъдан гузориш медиҳад. Раҳбари низомии пойтахти Украина-Серҳей Попко ҳам маълумот додааст, ки шаби гузашта ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Русия шаҳри Киевро оташборон карданд.

Ӯ илова кардааст, ки мудофиаи зиддиҳавоии Украина тамоми ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро безарар кард. То ҳол дар бораи зиён ба шаҳри Киев ва сокинонаш гузорише пахш нашудааст.

XS
SM
MD
LG