Мақомоти шаҳрҳои Чимкент, Петропавловск ва Семейи Қазоқистон ба фаъолони ҳаракати "Алга, Казахстан!" иҷозат надоданд, ки моҳи август ба ҷонибдорӣ аз Украина тазоҳурот баргузор кунанд.
Гуруҳи мониторингии "АктивистыНеЭкстремисты" иттилоъ дода, ки мақомоти Чимкент дар шарҳи посухи радди худ гуфтаанд, ки фаъолон "маълумоти дуруғ" пешниҳод карданд.
Дар Петропавловск гуфтанд, дар маконе, ки фаъолон барои баргузории тазоҳурот дархости иҷозат кардаанд, қарор аст, чорабинии дигар барпо шавад. Масъулони Семей ва Қарағанда низ посухи ҳамсон додаанд.
Қаблан шаҳрдории Остона, Алмато ва Кокшетау низ ба баргузори тазоҳурот ба ҷонибдорӣ аз Украина иҷозат надода буданд.
Фаъолони "Алга, Казахстан!" тасмим доштанд, рӯзҳо 5, 6, 12, 13, 19, 20, 26 ва 27 август ба ҷонибдорӣ аз Украина тазоҳурот баргузор кунанд.