Додситонии Узбекистон мегуяд, ки ду нафарро барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Амрико дастгир кардаанд.
Дар баёнияи додситонӣ аз рӯзи 12-уми июл омадааст, ки дар ноҳияи Челонзори Тошканд мардеро дастгир кардаанд, ки ба як шиноси худ ваъда додааст, дар ивази 30 ҳазор доллар ӯро аз тариқи Мексика ба Амрико мефиристад. Фарди дигари боздоштшуда аз хоҳишманди муҳоҷират ба Амрико бештар аз 5 ҳазор доллар пурсидааст.
Дар Узбекистон моҳҳои ахир боздошти афроде, ки ба муҳоҷирати ғайриқонунии сокинони ин кишвар ба Амрико мусоидат мекунанд, зиёд шудааст. Солҳои ахир на танҳо аз Узбекистон, балки аз Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ садҳо нафар аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба Амрико муҳоҷират мекунанд.