Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон 12 ҳокими шаҳру ноҳия ва панҷ мансабдори дигари он кишварро аз мақом барканор кард.
Ин тасмим рӯзи 11 июл гирифта шудааст.
Ба ин тартиб ҳокимони шаҳрҳои Навоӣ ва Янгиюл, ҳокимони ноҳияҳои Омударё, Қурғонтеппа, Бухоро, Миришикор, Чироғчӣ, Хатирчӣ, Пойариқ, Оқолтин, Гулистон ва Оққурғон аз мақомҳо барканор шудаанд.
Ба ҷуз ин, Мирзиёев чанд роҳбари ширкату корхонаҳои давлатиро барканор кардааст.
Мирзиёев гуфтааст, ин мансабдорон "хиёнат" кардаанд. "Ман ба кишварҳои хориҷ меравам, бо бонкдорон, тоҷирон дар бораи тарҳҳои бузург гуфтугӯ мекунам. Аммо одамоне, ки намояндаи ман ҳастанд, хобанду ғанаб рафтаанд. Ман касеро, ки иштибоҳ кардааст, мебахшам, аммо хоинро ҳаргиз намебахшам", - гуфт Мирзиёев дар ҷаласаи рӯзи 11 июл, ки мансабдорон дар он барканор шуданд.