Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: ҳайати Толибон бо мақомоти Узбекистон вохӯрдаанд


Гузаргоҳи Ҳайратон дар марзи Узбекистону Афғонистон
Гузаргоҳи Ҳайратон дар марзи Узбекистону Афғонистон

Ҳайати вазорати корҳои дохилӣ, марзбонон ва умури қавмии ҳукумати Толибон ба Узбекистон омада, масоили амнияти марзро бо мақомоти ин кишвар баррасӣ кардаанд. Нашрияи Khaama Press хабар дод, ки ин мулоқот рӯзи 8 июл баргузор шудааст. Маълум нест, ки ин мулоқот дар кадоме аз шаҳрҳои Узбекистон доир шудааст.

Ҷониби Узбекистон дар ин бора расман иттилоъ надодааст.

Khaama Press менависад, намояндаи Толибон Мавлавӣ Ғулом Набӣ Самим дар ин мулоқот нақл кардааст, ки сокинони наздимарзӣ бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд.

"Мақомоти Толибон ба ҳамтоёни узбекистониашон ваъда додаанд, ки иҷоза намедиҳанд, гуруҳҳои ошӯбгар аз хоки Афғонистон зидди Узбекистон истифода баранд", - омадааст дар хабари Khaama Press.

Узбекистон яке аз камтарин кишварҳоест, ки баъди бозгашти Толибон ба қудрат бо ин гуруҳ ҳамкорӣ мекунад. Бо гузашти қариб ду сол, ҳукумати Толибонро ягон кишвар ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG