Жаниш Рустенбеков, сафири собиқи Қирғизистон дар Тоҷикистон дар 74-солагӣ даргузашт. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи марги Рустенбеков хабар дода, аммо сабабашро нагуфтааст. Расонаҳои маҳалии ин кишвар аз қавли наздикони сафири собиқ навиштаанд, "ӯ пас аз бемории тӯлонӣ" вафот кард.
Жаниш Рустенбеков аз соли 2018 то 2022 намояндаи расмии Қирғизистон дар Тоҷикистон буд. Дар замони сафирии ӯ равобити Душанбе ва Бишкек дар пайи муноқишаҳои марзӣ тира шуда буд. Марҳум дар як суҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд коре бикунанд, то ба тавсеаи низоъ ва дахолати “дасти сеюм” роҳ надиҳанд.
Рустенбеков пештар дар мансабҳои вазири ҳолатҳои фавқулода ва сафири Қирғизистон дар Қазоқистону Туркманистон ҳам кор карда буд.