Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

500 варзишгари Русияву Белорусро ба Бозиҳои осиёӣ роҳ доданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Наздики 500 варзишкорро аз Русияву Белорус ба Бозиҳои осиёӣ роҳ хоҳанд дод. Ин бозиҳо дар шаҳри Ханчжоуи Чин аз 23 сентябр то 8 октябр баргузор мешаванд. Дар ин бора нашрияи Inside The Games хабар медиҳад.

Варзишкорон зери парчами бетараф рақобат мекунанд, истифодаи рамзҳои миллӣ барои онҳо манъ шудааст. Онҳо ҳамчунин ҳаққи гирифтани медали мусобиқаро надоранд. Иштирок дар бозиҳои мазкур ба варзишкорон имкон медиҳад, ки ба Олимпиадаи Порис дар соли 2024 роҳ ёбанд.

Моҳи марти соли ҷорӣ Кумитаи байналхалқии Олимпӣ тавсияҳои худро дар мариди тартиби иҷозаи иштироки варзишкорони Русияву Белорус дар Бозиҳои олимпӣ нашр карда буд.

Пешниҳоди Кумита аз ин қарор буд:

  • Иштироки варзишкорони Русияву Белорус танҳо дар мусобиқаҳои фардӣ, бидуни суруди миллӣ, парчам ва ё рамзҳои дигари миллӣ;
  • Манъи "ҳимояти фаъол"-и хушунати Русия зидди Украина аз сӯи ин варзишкорон (навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, изҳори назари оммавӣ ва ғайра);
  • Ин варзишкорон набояд низомӣ ва ё корманди мақомоти қудратӣ бошанд.
XS
SM
MD
LG