Дар бинои додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев таркиш рух додааст. Таркишро Игор Гуменюк, боздоштшудае, ки қарор буд муҳлати ҳабси пешакияш тамдид карда шавад, ташкил кардааст.
Дар натиҷа ду маъмури таъйиноти махсуси пулис ҳам захмӣ шудааст.
Бино ба маълумоти пешакии Вазорати умури дохилии Украина, Гуменюк пас аз анҷоми ҷаласаи додгоҳ ба ҳоҷатхона рафта, сипас аз онҷо ба сӯи гуруҳи ҳамроҳикунанда маводи таркандаеро партофта ва худ хостааст, фирор кунад.
Дар ҳамин ҳол ба маҳалли ҳодиса маъмурони пулис ҳозир шудаанд. Гуменюк хостааст, ба ҷониби онҳо низ маводи тарканда партояд, вале он дар дасташ таркидааст.
Гуменюк, низомии баталони "Сич" ба тарконидани норинҷак дар назди бинои Радаи болоии Украина дар моҳи августи соли 2015 айбдор мешавад. Он рӯз садҳо одам дар назди бинои порлумони Украина зидди ворид кардани тағйирот ба Конститутсия ва додани мақоми махсус ба Донбасс тазоҳурот мекарданд. Дар натиҷаи таркиш се сарбози Горди миллии Украина кушта ва беш аз 140 кас захмӣ шуда буд.