Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Исроил ба урдугоҳи Ҷанин дар Фаластин


Ба асари ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба урудгоҳи Ҷанин дар Фаластин, як нафар ҷон бохтааст. Вазорати тандурустии Фаластин гуфтааст, ки дар ин ҳамла 12 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузориҳо бо такя ба артиши Исроил навиштанд, ки дар ин амалиёт ба "зерсохторҳои террористӣ" ҳамла шудааст. Бӣ-бӣ-сӣ аз қавли мақомоти артиши Исроил навишт, "замоне, ки террористҳо аз урдугоҳи Ҷанин ҳамчун як махфигоҳ барои ҳамла ба ғайринизомиён истифода мекунанд, ором нахоҳем нишаст".

"Гурдони Ҷанин", ки иборат аз аъзои мусаллаҳи гурӯҳҳои фаластинии Ал-Фатҳ, "Ҳамос" ва "Ҷиҳоди исломӣ" аст, эълом кард, "мо то охирин нафар ва тир бо нерӯҳои ишғолгар хоҳем ҷангид ва дар ин ҳадаф ҳама гурӯҳҳо ва ташкилотҳои низомӣ бо ҳам муттаҳид хоҳад буд".

Дар пайи ин ҳамла даҳҳо фаластинии мусаллаҳ ва ниқобдор дар кӯчаҳо ва паскӯчаҳои урдугоҳи Ҷанин ҷобаҷо шудаанд.

Ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ, мошинҳои артиши Исроил ба урдугоҳ ворид шудаанд.

Моҳи гузашта артиши Исроил зидди ниманизомиён дар урдугоҳи Ҷанин амалиёт анҷом дода буд, ки ба асари он шаш фаластинӣ ҷон бохтанд. Дар ин рӯёрӯӣ ҳафт сарбоз ва марзбони исроилӣ ҳама маҷрӯҳ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG