Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мо ҳам инсонем, мисли дигарон ҳуқуқ дорем" ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳаракат дар шаҳрҳо барои шахсоне, ки вазни зиёд ё қади баланд доранд, осон нест. Дар бисёре аз маконҳои умумӣ муҳандисон эҳтиёҷоти онҳоро ба назар нагирифтаанд.

Ҳоло дар шаҳри Ню-Йорк қонунеро қабул кардаанд, ки табъиз ба зидди афроди фарбеҳ ё азимҷуссаро манъ мекунад. Ҳамзамон ресторан ва дигар муассисаҳоро вазифадор мекунад, ки имконоти лозимро барои ин табақа фароҳам кунанд.

Аманда Купер, фаъоли ҳуқуқи шахсони фарбеҳ, мегӯяд, “қонунҳои дигаре дар кишвар ҳастанд, вале ин қонун дар бузургтарин шаҳр қабул мешавад. Аз ин рӯ, бисёр муҳим аст ва рӯзи хурсандӣ барои мост.”

Дар ин қонун, ки қарор аст рӯзи 22-юми ноябр ба иҷро дарояд, ба онҳое, ки табъиз шудаанд, ваъдаҳои зиёде додаанд. Ба қавли Даниелла Датре, фаъоли ҳуқуқи афроди фарбеҳ, “бисёр хушҳолкунанда аст. Медонед, ман тамоми умр фарбеҳ будам. Мардум маро танқид мекарданд ва камтар аз як инсон мешумориданд. Бо қабули ин қонун мардум билохира мефаҳманд, ки мо ҳам инсон ҳастем ва айни дигарон ҳуқуқи бунёдӣ дорем.

Тигрес Осборн, мудири Анҷумани Миллии Пазириши Фарбеҳон аст. Умед дорад, қонун дар Ню-Йорк зуд иҷро мешавад.

Ӯ гуфт: “Мо хоҳем дид, ки кордиҳандагон ҳангоми қабул ҳамаро ба эътибор мегиранд ва иҷорадеҳон ба тамоми афрод муносибати ягона хоҳанд дошт. Муассисаҳо ҳам сари фароҳам кардани ҷойи муносиб барои афроди фарбеҳ андеша мекунанд, чун ҷавобгарӣ дорад.”

Қонуни нав дар сурати табъиз бо назардошти қаду вазн ҷазо таъйин кардааст, аммо ба қавли Осборн ҳадафи онҳо дигар чиз аст.

“Ҳадафи мо ин нест, ки парвандаҳои додгоҳӣ зиёд шавад. Ҳадафи мо ин аст, ки мардум муҳити худро тағйир диҳанд, то ҷавобгар нашаванд. Мо намехоҳем, шикоятҳои додгоҳии фарбеҳон зиёд шавад, мо мехоҳем, барои онҳо имконот фароҳам шавад,” – афзуд ӯ.

Аммо на ҳама қонуни навро муфид мешуморанд. Ба қавли Ҷонатан Эгел, профессор ва муаллифи китоби "Миллати фарбеҳ. Таърихи фарбеҳӣ дар Амрико", "ин як паёми муфид нест. Амрикоиҳо барои кам кардани вазнашон ниёзманди кумак ҳастанд. Чиҳил дарсади амрикоиҳои калонсол фарбеҳ ҳастанд ва 70 дарсадашон вазни зиёдатӣ доранд. Ба мо бояд дар лоғар шудан кумак кунанд, мо бояд лоғар шавем. Осонтар кардани гирифтани вазн ҳоло кори муфиде нест."

Ҳоло маълум нест, қонун чӣ дар дарозмуддат пайомадҳои дарозмуддате хоҳад дошт ва дар кадом шаҳрҳои дигари Амрико ҳам қабул хоҳад шуд ё не.

Видеоро дар инҷо бинед:

Қабули қонун ба нафъи шахсони фарбеҳу қадбаланд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG