Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони тоҷик гуфтанд, қонуни нав ба коҳиши қадпастӣ ва камақлӣ кумак мекунад. ВИДЕО


Вакилон мегӯянд, орди ғанишуда аз бисёр бемориҳо пешгирӣ мекунад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон тарҳи қонунеро қабул карданд, ки аз ширкату корхонаҳо талаб мекунад, ба Тоҷикистон маҳсулоти ғанишуда бо витаминҳои гуногунро ворид кунанд.

Вакилон бар ин назаранд, ки маҳсулоти ғанӣ аз витаминҳо қадпастӣ, бемории камақлӣ ва дигар навъи бемориҳоро миёни аҳолӣ коҳиш медиҳад.

Ҳадафро онҳо таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрокаи баландсифат ва муфид барои саломатии инсон медонанд.

Вакилон тағийротро муҳим хонданд

Тарҳи тағйирот ба қонун "Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда"-ро рӯзи 27-уми октябр Зоир Раҳмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон муаррифӣ кард. Худи ин қонун ду сол пештар қабул шуда буд ва бо вуҷуди амалӣ нашуданаш, вакилони порлумон аз иловаҳои нав ба он хушбинанду онро ҷонибдорӣ карданд.

Муҳаммад Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон тарҳи қонунро муҳим арзёбӣ карда, хостори он шуд, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо, бояд ба орду дигар навъи маҳсулот витаминҳои лозима илова карда шавад. "Бо мақсади ҷилавгирӣ аз камхунӣ, норасоии оҳан, витаминҳои гурӯҳи Б, йод ва бемориҳои дигаре, ки бино бар норасоии микронутриентӣ ба ҳолатҳои қадпастӣ ва марг меанҷомад, ба орду дигар ғизоҳо илова намудани микронутриентҳо зарур аст, зеро норасоии он боиси пастшавии ғадуди сипаршакл шуда, оқибат ба бемории камақлӣ низ оварда мерасонад",--афзуд, Муҳаммад Файзуллозода.

Қонуне, ки амалӣ нашуда буд

Муҳимияти ин қонун барои солимии аҳолӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки аз қабули он беш аз ду сол мегузарад, аммо то ҳол амалӣ намешавад. Моҳи июни соли 2019 порлумони Тоҷикистон истеҳсол ва воридоти орди, ба гуфтаи вакилон, бе витаминро манъ карда буданд. Он замон дар Маҷлиси намояндагон гуфтанд, орде, ки дар ҳудуди Қазоқистон манъ аст, дар бозорҳои Тоҷикистон бо нархи гарон ба фурӯш гузошта шудааст.

Охири моҳи сентябри соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон бо имзои як қарор регламент ва ё дастури техникӣ “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда”-ро тасдиқ намуд. Он замон дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буданд, тибқи муқаррароти регламент, корхонаҳо ҳангоми истеҳсол бояд ба орд кислотаи фолат, оҳан, руҳ ва витамини Б12-ро илова намоянд, то истеъмоли маҳсулоташон барои сиҳатии мардум бехатар шавад. Дар гузашта намояндагони ин ниҳод борҳо таъкид намудаанд, ки ғанигардонии маҳсулот, аз ҷумла ордро талош доранд, дар корхонаҳои истеҳсолӣ амалӣ намоянд.

Дар Агентии "Тоҷикстандарт" гуфтанд, корхонаҳои истеҳсоли орд аз лиҳози техникӣ барои ғанигардонидани маҳсулоташон омодаанд, вале дар масъалаи воридоти витаминҳо ва механизми назорати он норушаниҳое вуҷуд дорад, ки яке аз сабабҳои дар амал татбиқ нашудани қонун шудааст.

"Агар витамин андозем, нарх боло меравад"

Суҳроб Ашурзода, масъули Агентии "Тоҷикстандарт", рӯзи 29-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол маълум нест, аз кадом кишвар "премикс"-ҳо барои ғанигардонии маҳсулот ворид карда мешавад ва механими назорати он чӣ гуна сурат хоҳад гирифт. "Ба наздикӣ дар корхонаҳои истеҳсоли орд дар вилояти Суғд мониторинг гузаронида шуд, ки корхонаҳо ба технология муҷаҳаз шудаанд, вале масъалаи ҳалталаб ҳамин воридоти витаминҳо аст, ки то ҳол норӯшан боқӣ мондааст, дар доираи гурӯҳи корӣ ин масъала бояд ҳалли худро ёбад"--гуфт, Суҳроб Ашурзода.

Рӯзи 29-уми октябр аз намояндагони Вазораи тандурустӣ касе ҳозир нашуд ин масъаларо шарҳ диҳанд. Масъулони ин ниҳод қаблан сабаби таъхир дар татбиқи қонунро мушкили молӣ, таҳияи зерсанадҳо ва дар баробари ин пандемияи COVID-19 арзёбӣ карда буданд.

Дар баъзе аз корхонаҳои истеҳсоли орд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба сифати орд аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, вале ҳозир нашуданд дар рӯ ба рӯи камераи Озодӣ мавзӯъро шарҳ диҳанд. Чанде аз соҳибкорон бидуни зикри номашон гуфтанд, барои ғанигардонии маҳсулоташон омодагии пурра надоранд ва агар воридоти витаминҳо бар души онҳо гузошта шавад, маҷбуранд нархи ордро боло баранд. Баъзе аз ҳамсуҳбатон таъкид карданд, ки қабл аз тасмими ғанигардонии маҳсулот бо иловаи витаминҳо, давлат бояд ба онҳо имтиёз диҳад.

Нархи орд феълан дар баъзе бозорҳои Тоҷикистон то марзи 300 сомонӣ расидааст ва сокинон аз гаронии он борҳо шикоят кардаанд.

Агар орд витамин надошта бошад...

Табибон мегӯянд, орди бе витамин боис ба бемориҳои гуногун, аз қабили фарбеҳию камхунӣ, бо нуқси модарзод таваллуд шудани кӯдакон ва қадпастии сокинон мешавад.

Маҳмадсабур Қосимов, табиби беморхонаи Ибни Сино, рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "солимгардонии маҳсулоти ғизоӣ асосан дар корхонаҳои истеҳсолӣ бояд сурат гирад ва ғанӣ нагардонидани маҳсулот бештар ба бемориҳои саратон, фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, рагҳои хунгузар оварда мерасонад".

Ба феҳристи маҳсулоте, ки тибқи қонун бояд ғанӣ гардонида шаванд, дар баробари орд, маводи дигаре ба монанди маҳсулоти қаннодӣ, шир ва маҳсулоти ширии туршмазза, аз ҷумла шарбат ва намаки ош дохил мешаванд. Мақомот мегӯяд, дар қадами аввал талош доранд, ғанигардонии ордро, ки аз серистеъмолтарин маҳсулоти сокинон аст, ба роҳ монанд. Табибон мегӯянд, таъхир дар ғанигардонии маҳсулот, бар зарари ҷомеа аст, бино бар ин ниҳодҳои марбута бояд бештар мутаваҷҷеҳи ин масъала бошанд.

Садҳо ҳазор кӯдак қомати кутоҳ доранд. Чаро?

Як таҳқиқи саросарӣ дар Тоҷикистон дар солҳои гузашта нишон додааст, ки ба сабаби истеъмоли ғизои номуносиб ва камвитамин дар кишвар садҳо ҳазор кӯдак қомати кутоҳ доранд ва ҷисмашон дуруст инкишоф наёфтааст.

Дар маҷмӯъ вазъи бо витамин олуда кардани маҳсулот ё дастрасӣ ба ғизои солимро, бархе ғизошиносони тоҷик нокофӣ арзёбӣ намуда, мегӯянд, масъалаи ғанигардонии маҳсулот бояд барвақт ҳалли худро меёфт, вале бетаваҷҷӯҳиву таъхиркориҳои мақомот дар ин самт сурат гирифтааст. Ҳарчанд намояндагони Вазорати тандурустӣ дар суҳбату нишастҳои расмии худ таъкид мекунанд, ки бо таҳияи барномаҳои пешгирии фарбеҳӣ ва ғизои солим, Стратегияи ғизо ва тарбияи ҷисмонӣ ва дигар дастурамалҳо тавонистанд вазъи дастрасӣ ба ғизои солимро беҳтар намоянд.

Шарҳҳоро бинед (17)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG