Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100-солагии Аминҷон Шукӯҳӣ


Аминҷон Шукӯҳӣ бо аҳли оилааш
Аминҷон Шукӯҳӣ бо аҳли оилааш

10 июн аз зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ 100 сол пур шуд. Ӯ яке аз намояндагони маъруфи адабиёти шӯравии тоҷик ба шумор меравад. Ба ин муносибат имрӯз дар донишгоҳи миллии Тоҷикистон як ҳамоиши илмию амалӣ барпо шуд ва дар идомаи ҳафтаи ҷорӣ нақш ва мероси Шукӯҳиро дар адабиёти асри 20 дар ҳамоишҳое дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ва маҳфилҳои дигар ёд карданд.

Шукӯҳӣ дар мақомҳои муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ кор кардааст. Муаллифи маҷмӯаҳои «Ватани сулҳ», «Рӯзҳои мо», «Садои дил», достони «Кӯчабоғи ошиқон», силсилаи шеърҳои «Муҳаббат ва оила» ва дигарҳо мебошад. Аз шоирони номдори бачаҳои тоҷик ҳам ба шумор меравад ва шеърҳояш «Ил-18 омад» ва «Баррачаи дупо», қиссаҳои «Об аз куҷо меояд?» ва «Асад ва Самад» хеле маъруф шудааст.

Барандаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, баъди маргаш унвони Шоири халқии Тоҷикистонро гирифтааст. Дар 56-солагӣ даргузашт.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG