Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хазинаи китобҳои тоҷикии созмон ғанӣ гардид


Палатаи китобшиносии Қирғизистон ба хазинаи китобхонаи созмони иҷтимоии тоҷикони ин кишвар, ки ба номи сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ номгузорӣ шудааст, сесад адад китобҳои бадеиву публитсистӣ ва адабиёти бачагонаи тоҷикӣ тӯҳфа кард.

Қойчуман Мӯминқулов, ноиби раиси палатаи китобшиносони Қирғизистон, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, байни палатаҳои китобшиносии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд робитаи хеле хуб барқарор шудааст. Ба гуфтаи Қойчуман Мӯминқулов, ин палатаҳо солона дар мавриди табъу нашри китобҳо ва тарғиби он конфронсҳо доир мекунанд. Ҳамсӯҳбати мо тазаккур дод, ки дар ду соли ахир миёни палатаҳои китобшиносини қирғизу тоҷик ҳамкорӣ беш аз пеш тавсеа ёфтааст. Оқои Мӯминқулов гуфт, аз ин ҳамкорӣ ҳам Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон манфиат хоҳанд дид.

Бино ба суханони Қойчуман Мӯминқулов, дар яке аз нишастҳои солонаи палатаҳои китобшиносии Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд, ки дар Бишкек ба вуқӯъ пайваст, кормандони палатаи китобшиносии Тоҷикистон намунаҳои зиёди китобҳои бадеиву публитсистӣ ва бачагонаи тоҷикиро бо худ оварданд, ки инак ин китобҳо ба созмони тоҷикони ҷумҳурӣ ба ҳайси тӯҳфа супурда шуд.

Ин маҷмӯъи китобҳои тӯҳфашуда аз шумори китобҳоест, ки гуфта мешавад, бо кумаки молии дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон дар нашриёти «Адиб»-и Душанбе ба табъ расидаанд. Он аз «Биҳишти хобҳо»-и Гулрухсор, «Дар фурудгоҳи як таманно»-и Камол Насрулло, «Фиғон»-и Ато Ҳамдам, «Навои найсон»-и Раънои Мубориз, «Оҳангҳои Фалғар»-и Субҳон Тӯйғун, «Ахлоқи воло, дафъи бало»-и Ӯрун Кӯҳзод, «Шохаи райҳон»-и Аминҷон Шукӯҳӣ ва аз даҳҳо номгӯй китобҳои бадеиву публитсистӣ ва адабиёти бачагона иборат аст.

Равшанбек Собиров, раиси созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, гуфт, бештари ин китобҳоро ба хазинаи панҷ мактаби тоҷикиву омехта ирсол хоҳанд кард. Вай афзуд, ин мактабҳо дар ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш, шаҳраки Ҳайдаркон ва деҳаи Учқӯрғони вилояти Ботканди кишвараш воқеъ гаштаанд ва ба китобҳои бадеиву публитсистӣ ва адабиёти бачагонаи тоҷикӣ ниёзмандиҳои бештар доранд.

Оқои Собиров ҳамчунин зикр намуд, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон бо ироаи як нома аз созмони онҳо хостааст, феҳрист ва миқдори китобҳои дарсии мавриди ниёзи мактабҳои тоҷикии кишварашро муайян кунанд ва ба ин вазорат бифиристанд.

Моҳи майи соли гузашта як гурӯҳ намояндагони созмони тоҷикон ва форсигӯёни дунё -«Пайванд» таҳти раёсати Исомиддин Салоҳиддинов, раиси комиҷроияи ин созмон, ба Қирғизистон омада, ба мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ду ҳазор нусха китобҳои дарсиву методӣ тӯҳфа намуданд.
XS
SM
MD
LG