Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Канада ба Киев рафт


Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада аз "Девори ёдоварӣ" дар Киев зиёрат мекунад, ки ба хотири қурбониҳои ҷанги Русия алайҳи Украина сохта шудааст. Киев, 10-уми июн
Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада аз "Девори ёдоварӣ" дар Киев зиёрат мекунад, ки ба хотири қурбониҳои ҷанги Русия алайҳи Украина сохта шудааст. Киев, 10-уми июн

Андрий Мелник, муовини вазири корҳои хориҷии Украина гуфт, ки нахуствазири Канада Ҷастин Трюдоро, ки 10 июн ба нишони пуштибонии Киев ба ин кишвар меҳмон шуд, истиқбол мегирад.

Дар аксе, ки Мелник дар Твиттераш нашр кард, саҳнаи пешвози Трюдо дар истгоҳи қатори роҳи оҳан намоиш дода шудааст. Дар бораи сафари Трюдо ба Киев хабаре аз қабл нашр нашуда буд ва танҳо каме ҷузъиёт дар бораи барномаи он даст даст ҳаст.

Канада яке аз пуштибонҳои қавии байналмилалии Украина меошад ва ба иловаи ҳашт тонки ҷангии “Леопард 2”, ки ахиран тақдим намуд, моҳи апрел вазорати дифояш гуфт, ки 29 миллион доллар кӯмаки низомӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG