Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи байналмилалӣ ба муҳокимаи Русия дар ҷанги Украина ризоият дод


Мурофиае дар Додгоҳи байналмилалӣ. Акс аз бойгонӣ
Мурофиае дар Додгоҳи байналмилалӣ. Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи байналмилалии адлия тасдиқ кард, ки 32 муттафиқи Киев дар як аризаи муштараке дархост намуданд, ки Русияро аз рӯи иттиҳоми наслкушӣ дар ҷанги идомаёбанда ва ҳам истифодаи дурӯғини эъломияи байналмилалии наслкушӣ чун баҳонаи ҳуҷум ба хоки Украина муҳокима кунанд.

Ҳайати олии додрасҳои СММ дар овоздиҳие бо тарафдории 14 ва мухолифати 1 нафар роҳро ба муҳокима боз карданд. Аризадиҳандаҳо – 26 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ба истиснои Венгрия ва чанд давлати ғарбӣ мебошанд. Русия гуфтааст, ин муҳокимаро эътироф намекунад.

XS
SM
MD
LG