Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: Чин дар Куба пойгоҳи махфӣ месозад


Сафорати Куба дар Амрико.
Сафорати Куба дар Амрико.

Чин барои ҷосусӣ алайҳи ИМА дар Куба пойгоҳи махфӣ месозад. Нашрияи "The Wall Street Journal" бо истинод ба манбаъҳои огаҳ аз маълумоти махфӣ навиштааст, ки Пекин барои ҷойгиркунии пойгоҳаш дар ҷазира чанд миллиард доллар пардохт хоҳад кард.

Ҳамсӯҳбатони нашрия гуфтаанд, ки пойгоҳ иктишофи радарӣ анҷом медиҳад. Аз ҷумла, он суҳбатҳои телефонӣ ва мукотибаҳоеро, ки тавассути шабакаҳои гуногуни иртиботӣ, бахусус моҳвораӣ сурат мегиранд, пайгирӣ мекунад.

Ба гуфтаи манбаъҳои нашрия, иншооти Чин дар 160-километрии иёлати Флоридаи Амрико ҷойгир шуда, метавонад пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар он ҷо назорат ва ҳамчунин ҳаракати киштиҳоро пайгирӣ кунад.

"The Wall Street Journal" менависад, ки эҳтимол бунёди иншооти низомии Чин дар Куба Кохи Сафедро нигарон кардааст. Мусоҳибон гуфтаанд, Вашингтон Пекинро рақиби муҳимтарини иқтисодӣ ва низомии худ медонад. Пойгоҳи чинӣ бо иқтидори пешрафтаи низомӣ ва иктишофӣ метавонад барои Амрико як таҳдиди нав ва бесобиқа шавад.

Дар сафоратҳои Куба ва Чин дар ИМА ин хабарро шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG