Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 27 муҳоҷири дигар дар Котелникии Маскав


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пулиси Русия субҳи 8-уми июн 27 муҳоҷири тоҷикро аз сохтмоне дар шаҳраки Котленикии вилояти Маскав боздошт кардааст.

Муҳоҷирон бо фиристодани наворе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло дар саҳни бинои пулис истодаанд.

Ба қавли муҳоҷирон, рӯзи 5-уми июн низ аз Котелники гурӯҳеро боздошт карданд ва ҳоло онҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҳастанд.

Сабаби боздошту нигаҳдории муҳоҷирон гуфта нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ва Русия мавридҳои нави боздошти муҳоҷиронро шарҳ надоданд.

Дар як моҳи охир муҳоҷирон дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошту азият шуданд.

Ҷониби Русия гуфтааст, бар асоси шикояти сокинони Котелники амалиёти зидди муҳоҷиронро ба роҳ монд ва он ду ҳафта идома кард. Муҳоҷирон мегӯянд, тафтишу боздошти онҳо ҳанӯз поён наёфтааст.

Мақомоти Тоҷикистон аз мақомоти Русия бархӯрди одилонаро бо муҳоҷирон тақозо карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG