Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомдоре дар Русия ба комиссариати ҳарбӣ "коктейли Молотов" партофт


Ростови лаби Дон, Русия, таблиғи даъват ба ҷанг. Акс аз бойгонӣ
Ростови лаби Дон, Русия, таблиғи даъват ба ҷанг. Акс аз бойгонӣ

Як мақомдорро дар шаҳри Владимири Русия, 200-километрии шарқи Маскав, ба иттиҳоми партофтани се шиша "коктейли Молотов” ба сӯи военкомат ё маркази сафарбарӣ ба артиш дастгир карданд. Ҳодиса рӯзи 7-уми июн рӯй дод.

Ба навиштаи матбуоти маҳаллӣ, ин зани 55-сола Жанна Романовская ном дошта, дар Вазорати меъморӣ ва сохтмон кор мекунад.

Баъд аз ҳуҷуми Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022 ва сафарбарӣ ба ҷанг мавридҳои оташ задани комиссариатҳои ҳарбӣ зиёд шуд.

То ҳол, ба навиштаи Радио Свобода, бахши русии Радиои Озодӣ, тахминан сад чунин ҳодиса расонаӣ шудааст. Дар ҳеч яке аз ин ҳодисаҳо касе осеб надида.

Дар оғоз ин парвандаҳо аз рӯи моддаҳои “хароб кардани моликият” ё “авбошӣ” баррасӣ мешуд, вале баъдан Ситоди кулли Русия гуфт, ин ҳодисаҳо аз ин ба баъд чун ҳамлаҳои террористӣ муҳокима хоҳанд шуд. Ин модда то 15 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бори аввал аст, ки як мақомдор ба гумони оташ задани военкомат боздошт мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG