Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, садҳо ҳазор кас бе оби ошомиданӣ мондаанд


Президенти Украина гуфт, ки дар пайи вайрон шудани сарбанди Каховка садҳо ҳазор нафар аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ маҳрум шуданд.

Владимир Зеленский рӯзи 7-уми июн дар Телеграм навишт, “дар ин минтақаҳо пеш аз ишғоли русҳо камаш 100 ҳазор кас мезист”.

"Дастикам даҳҳо ҳазор нафар ҳамоно дар он ҷо ҳастанд. Садҳо ҳазор нафар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Хадамоти ёрирасони мо, ки тавони кумак ба мардумро доранд, дастбакор шудаанд. Танҳо дар қаламравҳои зери назари Украина ёрӣ расонида метавонем. Дар қисмате, ки аз ҷониби Русия ишғол шудааст, ишғолгарон ҳатто дар фикри ёрӣ ба мардум нестанд," -- афзуд ӯ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG