Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КДАМ-и Қирғизистон боздоштҳои дастҷамъиро шарҳ дод


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 6-уми июн боздоштҳои дастҷамъиро ба гумони кӯшиши ғасби қудрат дар шаҳри Бишкек шарҳ дод.

Ин ниҳод гуфтааст, "гуруҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон барои ҷалби ҷонибдорон ба сафи худ ва одамони норозӣ дар саросари кишвар давоми як сол корҳои ҳадафмандонаро анҷом медоданд".

Кумита раиси ҳизби сиёсии “Элдик Кенеш”-и Қирғизистон, фаъоли маданӣ Н.Р.С.-ро “илҳомбахши идеологӣ” ва созмондиҳандаи гуруҳ номидааст.

Ба ин гуруҳ гуё беш аз 100 нафар аз қишрҳои гуногуни ҷомеа ва минтақаҳои Қирғизистон ҷалб шуда, "нақшаҳо ва вазифаҳои мушаххас дар миёнашон ба таври возеҳ тақсим карда шудааст".

Беш аз 30 узви гуруҳ, аз ҷумла Н.Р.С.-ро дастгир кардаанд ва онҳо феълан дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Тибқи иттилои Вазорати адлияи Қирғизистон, раиси ҳизби "Элдик Кенеш" Роза Нурматова аст. Бино ба манбаъҳои боз, ӯ соли 2012 дар тазоҳуроте, ки аз сӯи Содир Ҷабборов (Жапаров) ва Қамчибек Тошиев ташкил шуда буд, иштирок кардааст.

Ҷабборов ва Тошиев он замон вакили порлумон буданд ва Нурматова ситоди ҷонибдорони онҳоро раҳбарӣ мекард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG