Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маорифи Узбекистон таҷовузи писари 9-соларо рад кард


Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва мактабии вилояти Қашқадарёи Узбекистон хабари дастдарозии хонандагони синфҳои болоиро ба номуси навраси 9-сола дар яке аз мактабҳои ноҳияи Косонсой рад кард.

Ба иттилои расмӣ, хонандагони синфи 5 рӯзи 11-уми майи имсол хонандагони синфи 3-юмро дар толори варзишӣ бо "мори резинӣ" тарсонида, маҷбур кардаанд, ки либосҳояшонро бароранд ва яке аз онҳоро задаанд.

Дар раёсат гуфтанд, "табибон шифоҳӣ маълумот доданд, ки хулосаи ташхиси тиббии феълӣ гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунад ва ин тасдиқ дертар расонаӣ хоҳад шуд".

Модари кудак гуё "бидуни дарёфти натиҷаи муоинаи тиббии фарзандаш ба расонаҳо иттилоъ додааст".

Тарҳи Радиои Озодӣ - "Мигрант медиа" 30-юми май видеоеро бо номи "Хонандагони Қашқадарё дар таҷовузи як писарбачаи 9-сола айбдор мешаванд" нашр кард.

Модари кӯдак дар навор мегӯяд, аз ин ҳодиса чаҳор рӯз пас хабардор гашт ва ташхиси тиббиву додгоҳӣ низ баъди ду ҳафта анҷом шудааст.

Масъулони мактаб гуфтанд, дар бораи ҳодиса хабар надоранд. Дар Идораи пулиси Косонсой бо тасдиқи хабар гуфтанд, тафтиш идома дорад.

XS
SM
MD
LG