Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мотосиклсавори худкуше ба корвони низомиёни Покистон ҳамла кард


Яке аз мошинҳои низомие, ки дар ҳамлаи 27-уми май хароб шуд
Яке аз мошинҳои низомие, ки дар ҳамлаи 27-уми май хароб шуд

Дар як маҳаллаи минтақаи қабиланишини Вазиристони Ҷанубии Покистон 27-уми май ҳамлагари худкуше савори мотосикли насбшуда бо маводи тарканда ба корвони мошинҳои низомӣ бархӯрд. Дар натиҷа, 23 низомӣ маҷрӯҳ гардид. Дар ин бора ба Радиои Машъал ба шарти ифшо нашудани номаш як афсари низомӣ хабар додааст. Ӯ гуфт: “Корвони низомӣ аз дараи Исмоилхон ба ноҳияи Вазиристони Ҷанубии вилояти Хайбар Пахтунхва ҳаракат мекард”.

Ба иттилои ин манбаъ, ҳамаи осебдидаҳоро ба беморхонаи низомии воқеъ дар дараи Исмоилхон интиқол ёфтанд ва ҳолати ду нафари онҳо сангин арзёбӣ мешавад. Ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне ҳанӯз масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG