Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундбод дар Кӯлоб даҳҳо манзили зистро хароб кардааст. ВИДЕО


Боми як сокини Кӯлоб, ки дар пайи тунбод вайрон шудааст.
Боми як сокини Кӯлоб, ки дар пайи тунбод вайрон шудааст.

Тундбод дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба даҳҳо хонаи сокинон зиён расонда, симчубҳои интиқоли барқро вайрон кардааст.

Офати табии шаби 26-уми апрел рух додааст.

Наврӯз Кишваров, сардори “Шабакаҳои барқ” дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муттахассисон аз шаб ба ин тараф талош доранд, хатҳои харобшудаи барқро барқарор кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар пайи шамоли сахт симчубҳо чапа шуда, барқ дар бештари қисматҳои шаҳр қатъ шудааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Тундбод сокинони Кӯлобро ғофилгир кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Даҳҳо болопӯши хонаҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ низ дар ин шаҳр хароб шудааст, вале ҳанӯз зарари расида ба сокинон дақиқ нест.

Насрулло, сокини маҳаллаи Фирдавсии шаҳри Кӯлоб гуфт, ки тундбод боми хонаашро канда, ба замин задааст.

“Боми хона пурра вайрон шуд ва шиферҳо шикастанд. Шукри Худо, ки худамон зарар надидем. Шамол ба ҳадде сахт буд, ки фикр кардам, дарахтонро аз решаашон меканад,”—гуфт, ин сокини Кӯлоб.

Қисме аз боми бинои ҳукумати Кӯлоб низ дар ин тундбод вайрон шудааст, вале мақомот, "зарарро сабук" медонанд.

Бинои ҳукумати Кӯлоб
Бинои ҳукумати Кӯлоб

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, ки зиёни расида ба сокинон ҳисоб мешавад.

XS
SM
MD
LG