Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гурехтам, қапиданд." Муҳоҷири тоҷик дар Украина кушта шуд


Қабри як ҷавони тоҷик, ки дар Украина кушта шуда буд. Акс аз соли 2022
Қабри як ҷавони тоҷик, ки дар Украина кушта шуда буд. Акс аз соли 2022

Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро, ки дар ҷанги Украина кушта шудааст, ба наздиконаш доданд.

Файзулло Абророви 27-соларо рӯзи 21-уми апрел дар зодгоҳаш, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ба хок супурданд.

Мақомоти Русия тақрибан ҳафтае пеш ба наздикони Файзулло дар Тоҷикистон тамос гирифта, аз марги ӯ хабар додаанд.

Русия, ки моҳи феврали соли гузашта бедалел ба Украина ҳамла кард, ҳазорон маҳбусу муҳоҷири одиро бо шеваҳои мухталиф ба ин ҷанг ҷалб кардааст.

Асрор Аброров, падари ҷавони кушташудаи тоҷик рӯзи 24-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз ширкати писараш дар ҷанги зидди Украина хабар надошт, вале дар охирин суҳбати телефонӣ дар чор моҳи пеш ӯ гуфтааст, эҳтимол ӯро ба ҷанг мебаранд. “Гуфт, шаҳрвандӣ дорам, бояд ба ҷанг баранд. Ман гуфтам, бачаҷон ҳамаро мурдаҳошона фиристода истодаанд, нарав. Гуфт, “агар наравам, маро зиндонӣ мекунанд. Як бор хостам, гурезам, қапиданд. Гуфтанд, агар як бори дигар гурезӣ, аз 7 то 8 сол зиндонат мекунем.” Ҳамин қадар гап гуфт. Бо ҳамин дигар занг назад.”

Мақомоти рус ба наздикони Файзулло гуфтаанд, ӯ дар ҷанг аз пояш тир хурда, аз хунравии зиёд фавтидааст.

Як дӯсти Файзулло бо шарти зикр нашудани номаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, марҳум як соли ахир дар зиндон буд ва моҳи октябр ӯро аз маҳбас ба ҷанг бурда буданд.

Падари Файзулло мегӯяд, дақиқ намедонад, ки писараш аз куҷо ба ҷанг рафтааст. Ба гуфтаи падар, писараш дар бораи маҳбас ба онҳо чизе нагуфта буд. Ба нақли ӯ, Файзулло чор соли ахир дар Русия зиндагӣ дошт ва дар сохтмон кор мекард.

Мисли ин ҷавон то имрӯз хабари марги беш аз 20 маҳбуси тоҷик, дар ҷанги Украина расонаӣ шудааст. Теъдоди аниқи маҳбусоне, ки ба ҷанг дар Украина ҷалб ва кушта шудаанд, маълум нест. Расонаҳо аз ҷалби ҳазорон маҳбус аз зиндонҳои Русия ба ҷанг хабар нашр карда буданд. Ба онҳо ваъда медиҳанд, ки пас аз ширкат дар ҷанг онҳоро озод мекунанд.

XS
SM
MD
LG