Дар натиҷаи таркиши балони газ дар яке аз баландошёнаҳои шаҳри Жанаозени Қазоқистон чаҳор кас ба ҳалокат расид.
Хадамоти матбуотии вилояти Мангистау иттилоъ дод, ки ҷасади ин афродро аз зери харобаҳо берун оварданд. Шумори осебдидаҳо дар таркиш ҷамъан ба 13 нафар расидааст. Ҳашт захмӣ кудаконанд.
Расонаҳои маҳаллӣ қаблан хабар дода буданд, ки дар натиҷаи таркиши балони газ дар Жанаозен 11 кас осеб дидааст. Шаш нафари осебдидаҳо дар бемористон бистарӣ карда шудааст.
Масъулони шаҳрдории Жанаозен гуфтанд, дар натиҷаи таркиш се ҳуҷра осеб дидааст. Ҳодиса соати чаҳори субҳи 17-уми апрел рух додааст.
Гуфтугӯ