Ҳамлаҳои мушакии нирӯҳои Русия болои минтақаҳои шарқии Украина идома ёфтанд. Ба иттилои низомиёни украинӣ, дар давоми 24 соати гузашта украиниҳо тавонистанд аз 60 ҳамлаи мушакии русҳо пешгирӣ кунанд. Ба навиштаи Ситоди кулли Украина, шаҳрҳҳои Лиман, Бахмут, Авдиивка ва Мариинка дар вилояти Донетск мавриди ҳамлаҳои шадид қарор гирифтанд.
Низомиёни украинӣ инчунин гуфтанд, ки нирӯҳои ишғолгари Русия омодагӣ мебинанд, ки сокинони мулкии минтақаҳои Запорожя ва Херсонро, ба қавли онҳо, ба минтақаи ишғолшудаи Қрим интиқол диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 8-уми апрел дар шаҳри шарқии Феодосияи Қрим чандин таркиш рух дод. Раҳбарони аз ҷониби Маскав таъиншуда гуфтанд, ки ин як мушак буд ва нирӯҳои русӣ тавонистанд онро безарар гардонанд.
Президенти Русия Владимир Путин, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарори ҳабси ӯро содир кардааст, амр дод, ки минтақаҳои Донетск, Луҳанск, Запорожя ва Херсон пурра ишғол шаванд. Украина, ки ишора намуд базудӣ амалиёти муқовиматро ба роҳ мемонад, ишора намуд, ки ба зудӣ қаламравҳои бештарро бармегардонад.