Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори боздоштшудаи амрикоӣ бо вакилаш вохӯрд


Эван Гершкович
Эван Гершкович

Эван Гершкович, рӯзноманигори "The Wall Street Journal", ки дар Русия ба гумони ҷосусӣ боздошт шудааст, 4-уми апрел бори аввал бо вакили мудофеи худ мулоқот кард.

Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба номае хабар дод, ки сармуҳаррири нашрия Эмма Такер ба кормандонаш навиштааст.

"Саломатии Эван хуб аст ва ӯ ба шахсоне, ки вайро аз саросари ҷаҳон дастгирӣ карданд, миннатдорӣ баён намудааст," -- навишт Такер.

Дар Кохи Сафед гуфтанд, ки барои раҳоии рӯзноманигор тамоми кӯшишҳоро анҷом хоҳанд дод.

Хадамоти федеролии амнияти Русия Эван Гершкович, рӯзноманигори "The Wall Street Journal "-ро ба гумони ҷосусӣ дастгир кард. Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, рӯзноманигор бо дастури Иёлоти Муттаҳида дар бораи яке аз корхонаҳои саноати низомии Русия иттилоъ ҷамъ меовард.

Рӯзи 30-юми март расонаҳо хабар доданд, рӯзноманигоре, ки шаш сол дар Русия кор мекард, ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи ширкати низомии хусусии "Вагнер" дар Екатеринбург нопадид шудааст.

Гершкович ба ҷуз аз "The Wall Street Journal" бо Agence France-Presse, The Moscow Times ва The New York Times ҳамкорӣ мекард. Гузориши охирини Гершкович дар The Wall Street Journal рӯзи 28-уми март нашр шуд.

Дар сурати исботи ҷосусӣ ба Гершкович аз 12 то 20 сол зиндон таҳдид мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG