Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мегӯяд, дар ҳамлаҳои Русия даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд


Деҳаи Камянски дар вилояти Запорожйе ҳам аз ҳамлаи неруҳои Русия эмин намондааст.
Деҳаи Камянски дар вилояти Запорожйе ҳам аз ҳамлаи неруҳои Русия эмин намондааст.

Мақомоти Украина мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаҳои Русия аз тӯпхона ба маҳаллаҳои аҳолинишин дар шарқу ҷануби кишвар даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд.

Андрей Йермак, раиси ситоди дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Украина рӯзи 2-уми апрел дар Телеграм хабар дод, ки танҳо дар шаҳри Константиновка се нафар куштаву ҳашт каси дигар маҷруҳ шудаанд. Ба қавли вай, дар тирандозиҳо 16 бинои истиқоматӣ, 8 хонаи хусусӣ ва як кӯдакистону идораи давлатӣ осеб дидаанд.

Дар вилояти Херсон як нафар кушта шудааст ва ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар вилояти Донетск ба гуфтаи мақомот камаш 10 нафар дар ҳамлаҳои неруҳои Русия захмӣ шудаанд. Айни замон вазорати дифои Бритониё дар арзёбии ҳаррӯзааш аз ҷанги Русия дар Украина навиштааст, шаробхорӣ дар байни сарбозони Русия як сабаби ҳалокати онҳо мебошад.

Дар ин арзёбӣ омадааст, ки ба сабаби истеъмоли шароби зиёд дар байни сарбозони Русия, мавридҳои марг аз беэҳтиётӣ, ҷиноят зиёд аст. Ба қавли вазорати дифои Бритониё, аз аввали ҷанг то кунун 200 000 сарбози Русия талаф ёфтаанд, ҳарчанд тасдиқи омори мазкур бинобар пинҳон доштани талафот аз тарафи мақомоти Русия ғайримумкин аст.

XS
SM
MD
LG