Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як афсари дигари Эрон дар ҳамлаи Исроил дар Сурия кушта шудааст


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Яке дигар аз мушовирони низомии Эрон дар Сурия дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Исроил дар наздикии шаҳри Димишқ кушта шудааст. Дар ин бора хабаргузории нимарасмии “Меҳр”-и Эрон рӯзи 2-уми апрел хабар дода гуфт, ки Миқдод Меҳгонӣ дар ҳамлаи “режими сионистӣ”, ки манзур аз Исроил аст, шоми ҷумъа захмӣ шуд, фавтидааст.

Исроил солҳо боз дар Сурия ба зидди гуруҳҳое, ки пойбанди Эрон меномад, ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст. Нуфузи Эрон дар Сурия баъди оғози ҷанги дохилӣ дар Сурия дар соли 2011 зиёд шуд.

Эрон мегӯяд, афсаронаш бо даъвати ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад ба Сурия мераванд ва ба ҳайси мушовирони низомӣ кор мекунанд. Исроил дар моҳи март дар Сурия шаш ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст ва чанд рӯз пештар Милод Ҳайдарӣ, як афсари дигари эронӣ ҳам дар натиҷаи як зарбаи ҳавоӣ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG