Мақомоти Толибон дар вилояти Ҳилманд ба мардум ҳушдор додаанд, ки агар дар намози таровиҳ ширкат накунанд, ҷазо ва ё танбеҳ мегиранд. Бино ба гузориши бахши дарии Радиои Озодӣ ҳушдори катбиро Идораи амри маъруф ва наҳйи мункари Толибон дар ин вилояти ҷанубии Афғонистон содир кардааст.
Дар баёния, ки идораи иттилооти вилоят рӯзи 1-уми апрел нашр кардааст, ба имомхатибони масҷидҳои вилоят дастур додаанд, ки тамоми мардумони маҳалли худро ба ҳузур дар намози таровиҳ, ки дар моҳи Рамазон хонда мешавад, маҷбур ва ё водор намоянд.
Толибон, ки моҳи августи соли 2021 ҳукумати Афғонистонро гирифтанд, то кунун дастурҳои баҳсбарангези зиёде содир кардаанд. Бахусус барои занон, ки ҳоло аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳ ва кор дар бисёре аз идораҳои давлатӣ маҳруманд.