Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси шӯрои мардумӣ. Пулис тафтишро сар кард


Қазоқистон. Акс аз моҳи феврали 2023
Қазоқистон. Акс аз моҳи феврали 2023

Гуруҳе аз сокинони шаҳри Петропавловск ва вилояти Қазоқистони Шимолӣ аз таъсиси шӯрои мардумӣ хабар доданд. Пулис гуфт, тафтишотро сар кардааст.

Сокинон дар видеое, ки дар шабакаҳо нашр шуд, гуфтанд, "ба ҳамаи муассисон ва ходимони низоми идорӣ бовар надоранд". "Мо, мардум, истиқлолу ягонагии худро эълон медорем", - гуфтанд сокинон.

Дар саҳифаи инстаграм гуруҳи мазкур хабар додааст, ки рӯзи 19-уми март дар Петропавловск "ҷаласаи меҳнаткашон" бахшида ба "барқарории шӯрои мардумии шаҳр" баргузор шудааст. Дар он ҷаласа "раис" интихоб ва "эъломия" қабул ва дигар рамзҳо тасдиқ шудааст.

Нашри иттилоъ дар бораи "шӯрои мардумӣ" дар ҳолест, ки сокинони Қазоқистон аз интихоботи ахири порлумонӣ интиқод мекунанд. Бархе аз фаъолон мегӯянд, бо нишони эътироз аз натиҷаҳои интихобот ба кӯча хоҳанд баромад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG