Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти ҳудуди 20 номзад аз натиҷаҳои интихоботи Қазоқистон


Норозиён аз натиҷаҳои интихобот.
Норозиён аз натиҷаҳои интихобот.

Ҳудуди 20 фаъоли маданӣ, ки тавассути ҳавзаҳои якмандатӣ номзадии худро ба мақоми вакилии порлумон ва маҷлисҳои маҳаллии Қазоқистон пешбарӣ карда буданд, 29 март якҷоя ба додситонии шаҳри Алмато шикоят карданд.

Онҳо талаб карданд, ки қонуншиканиҳо дар интихоботи пеш аз муҳлати порлумонии Қазоқистон тафтиш ва дастандаркорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Бархе аз фаъолон мегӯянд, мақомоти Қазоқистон монеи сабтиноми номзадии онҳо шуданд ва бархеи дигар гуфтанд, харҷи маъракаҳои таблиғотияшон ҳанӯз ҳам ҷуброн нашудааст.

"Дар аввал ба ҳамаи мо имкониятҳои баробар барои пешбарии таблиғот дода шуд. Аммо баъдтар маро ба бисёр ҷойҳо роҳ надоданд. Ман дар ноҳияи худам ба ҳамаи хонаҳо рафтам, аммо дар ҷамъ овардани мардум ва пешниҳоди барномаи интихоботии худ бо мушкил рӯбарӯ шудам", - гуфт Олжас Абилкайр, ки номзадии худро ба мақоми вакилии маҷлиси шаҳрии Алмато пешбарӣ карда буд.

Дар додситонии Алмато гуфтанд, ки шикояти сокинонро "дар муҳлати муайяншуда" баррасӣ хоҳанд кард.

Дар Қазоқистон 19 март интихоботи пеш аз муҳлати вакилони порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шуд. Дар он танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷонибдори ҳукумат иштирок карда, аксари курсиҳоро ҳизби ҳокими "Амонат" соҳиб шуд. Бархе аз сокинон гуфтанд, дар ҳавзаҳои интихоботӣ қонуншиканиҳо, аз ҷумла раъй додани як нафар ба ҷои чанд касро мушоҳида карданд.

XS
SM
MD
LG