Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон ба низоми додгоҳӣ тағйирот ворид карданд


Остона, моҳи октябри 2021
Остона, моҳи октябри 2021

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, тағйиру иловаҳоро ба низоми додгоҳӣ ва вазъи додрасҳо имзо кард.

Ташаббускорони тағйиру иловаҳо пештар гуфта буданд, ки ин тағйирот "мустақилии воқеӣ"-и судяҳоро таъмин мекунад ва боис ба коҳиши иштибоҳҳои судяҳо ва беҳшавии сифати қарорҳои додгоҳӣ мегардад.

Бино ба тағйирот, судяҳои Додгоҳи олии Қазоқистон аз сӯи сенати он кишвар дар асоси рақобати ҳадди ақал ду номзад таъйин мешаванд. Судҳоя ноҳиявӣ аз сӯи мақомоти додгоҳӣ интихоб мешаванд.

Тоқаев гуфт, тағйирот барои "таъмини волоияти қонун ва сифати адолати додгоҳӣ" зарур аст. Изҳороти мазкур чанд моҳ баъд аз эътирозҳои моҳи январи соли 2022 садо дода буд. Созмонҳои байналхалқӣ борҳо гуфтанд, ки таъйини судяҳо аз сӯи президент боис ба афзоиши салоҳиятҳои мақомоти иҷроия мешавад.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, барои комилсозии қонунгузорӣ ва ба ин тартиб, ислоҳоти сиёсӣ талош меварзанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ин тағйирот зоҳирӣ буда, талош барои муттаҳид кардани қудрат дар дасти президент аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG