Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз амали Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ эътироз кард


Долони Лочин дар Қарабоғи Кӯҳӣ
Долони Лочин дар Қарабоғи Кӯҳӣ

Русия эълон кард, ки Озарбойҷон созиш бо Арманистонро, ки бо миёнаравии Русия имзо шуда буд, вайрон кардааст.

Вазорати дифои Русия рӯзи 25-уми март гуфт, ки низомиёни Озарбойҷон дар баландии Шуша дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҷой гирифтаанд.

Бар асоси созишномаи соли 2020 бояд тарафҳо аз хатти муаяншуда берун намешуданд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҷониби Русия аз низомиёни Озарбойҷон тақозо кардааст, ки ба мавқеъҳои қаблии худ баргарданд.

Вазорати умури хориҷаи Озарбойҷон рӯзи шанбе гуфт, ки артиши Озарбойҷон барои ҷилавгирӣ аз интиқоли силоҳ ба Қарабоғи Кӯҳӣ ин корро кардааст. Ба гуфтаи мақомоти озарӣ, чанд ҳафтаи ахир Арманистон аз ин роҳ ба Қарабоғи Кӯҳӣ силоҳ интиқол медиҳад.

Мақомоти худгардони Қарабоғи Кӯҳӣ гуфтаанд, ки ин роҳ барои рафтуои сокинон аст ва ҳеч гоҳ барои интиқоли силоҳ истифода намешавад.

Долони Лочин, ягона роҳест, ки аз тариқи он аз Араманистон ба Қарабоғи Кӯҳӣ молу маҳсулот интиқол медиҳанд.

Русия дар соли 2020 пас аз ҷанги 44-рӯза миёни Озарбойҷон ва Арманистон ба минтақа нерӯ фиристод ва ҷонибҳоро ба созиш даъват кард. Дар ин ҷанг Озарбойҷон қисме аз минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро зери назорат даровард.

Қарабоғи Кӯҳӣ минтақаест, ки ду кишвар онро моли худ медонанд.

Солҳо боз муноқишаҳои хунин миёни ду кишвар дар ин минтақа сар мезанад ва ҳар бор, ҳарду кишвар дар сар задани низоъ якдигарро айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG