Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тоҷик аз муомилаи ронандагон танқид кардааст


Истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ. Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ. Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, аз рафтори ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Вазир дар ҷаласае, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, гуфтааст, корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд пурзӯр гарданду дарсҳои 20-соатӣ бо ронандагон беҳтару зиёдтар гузаронда шаванд.

Ба навиштаи дафтари матбуотии вазорат, Азим Иброҳим аз тарзи муоширати баъзе аз мусофирон ҳам танқид кардааст.

Ҷузъиёти ҷаласа бо ҳузури роҳбарони ширкатҳои мусофиркашонӣ маълум нест. Рӯшан нест, ки мақомот барои ҳалли масъала дар нақлиёти ҷамъиятӣ чӣ чора меандешанд.

Мақомот дар моҳҳои ахир чандин ронандаи нақлиёти ҷамъиятиро дар пойтахт барои муносибати дағалона бо мусофирон аз кор озод карданд ё ҷарима бастанд.

Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки ронандагон бар сари роҳкиро, бақия, зиёд гирифтани мусофир ва масъалаҳои дигар бо мусофирон вориди баҳс мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG