Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модараш мегӯяд, сабабгорони худкушии Умеда "беҷазо мондаанд". ВИДЕО


Ба қавли модараш, Умеда моҳи марти соли гузашта худкушӣ кардааст
Ба қавли модараш, Умеда моҳи марти соли гузашта худкушӣ кардааст

Аъзои як оила дар шаҳри Норак иддао доранд, ки духтари онҳо “аз ҷабри шавҳару хушдоман” худкушӣ кард, вале сабабгорони марги ӯ беҷазо монданд. Ҳодиса моҳи марти соли гузашта иттифоқ уфтодааст. Хонаводаи шавҳар даъворо намепазирад. Мақомот гуфтанд, ҳанӯз таҳқиқ идома дорад.

Умедаи 25-сола аз Норак се сол пеш бо Зиёдулло Абдуллоев аз шаҳри Турсунзода дар Русия оиладор шуд. Ду сол якҷоя зистанд. Арӯси хонадон дар моҳи марти соли гузашта дар Тоҷикистон худкушӣ кард.

Модараш, Оиша Абдуалимова, мегӯяд, рӯзгори Умеда “баъд аз расидан ба хонаи хушдоман бад шуд”. “Пас аз як соли хонадорӣ муносибати домод тағйир ёфт. Духтарамро ба назди волидонаш ба Тоҷикистон фиристод,” – мегӯяд ӯ.

Хонум Абдуалимова афзуд, духтараш бо квотаи президентӣ дар Донишгоҳи миллӣ мехонд, вале рухсатии академикӣ гирифта, ба назди ӯ ба Русия рафт ва домодро дар онҷо вохӯрд. Даъво дорад, ки “хушдоманаш духтарамро чун арӯси оила қабул надошт. Ҷангу ҷанҷол дар хонаашон сар шуд. Занг заданд, ки духтарро баред.”

Видеоро дар инҷо бинед:

"Ба хонаи хушдоманаш рафт, ҷанҷол сар шуд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:37 0:00

Зиёдулло Абдуллоев, шавҳари Умеда, иддаои пайвандони ӯро рад кард ва гуфт, бо ҳамсараш ҳеч мушкил надошт. Баръакс, модари ҳамсарашро айбдор кард, ки ҳамеша ба зиндагии онҳо дахолат мекард.

“Зери фишори модар буд ва ду интихоб дошт: ё модар ё шавҳар. Модараш мегуфт, муҳим, ки бо обрӯ шавҳар кардӣ, ҷудо шав, даркор нест. Фақат мегуфт, ки ҷудо шав. Дар асл мо ҳеч мушкил надоштем,” -- нақл кард ӯ.

Як ҳамсуҳбати мо дар Додситонии шаҳри Норак бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба қазия парванда боз шудааст ва “ҳодиса бар асоси моддаи 109 (ба худкушӣ расондан) таҳқиқ мешавад”.

Ба қавли ӯ, “фурсат лозим аст, то таҳқиқ ба анҷом расад ва маълум гардад, ки сабаби худкушӣ чӣ будааст.”

Пайвандони Умеда Абдуалимова эътироз доранд, ки мақомот таҳқиқи қазияи ӯро кашол медиҳанд.

Худкушии занони ҷавон дар Тоҷикистон солҳо боз ба як масъалаи доғ табдил шудааст. Бо вуҷуди онки мақомот ва рӯҳониён чунин рафтори занонро маҳкум мекунанд, ҳар сол чанд нафар ба ҷони худ қасд мекунанду ба ҳаёт нуқта мегузоранд.

Барно Султонова
Барно Султонова

Ҷомеашинос Барно Султонова мегӯяд, “худкушӣ роҳи наҷот нест. Роҳи наҷот мубориза аст. Барои ҳамин, занони мо боандеша бошанд, шитоб накунанд. Ҳамнишинҳои худро ҳамин хел талқин кунем, дардашонро фаҳмем, роҳи наҷотро нишон диҳем.”

Худовезӣ ё худро ба об партофтани занон дар Тоҷикистон нав нест. Танҳо дар соли 2021 беш аз 500 мавриди худкушӣ ва қасди худкуширо сабт кардаанд, ки нисфи онҳо занон буданд. Мақомот хушунати оилавӣ, муддати дароз дар муҳоҷират будани ҳамсарону падарон ва вазъи ноустувори моддиро аз сабабҳои асосии дилсардӣ аз зиндагӣ медонанд. Дигарон аз хушунату шиканҷа дар хонаводаҳо мегӯянд.

Дар баъзе маврид мақомот наздикони шахсеро, ки ба худкушӣ даст задааст, ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ба гуноҳи ба худкушӣ расондан. Дар ҳолатҳои дигар, худи фавтидагонро рӯҳан носолим меноманд ва нисбат ба касе парванда намекушоянд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG