Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Гуфтам, худамро ба дарё мепартоям”. Нақли зане, ки худкушӣ накард


Дар руди Вахш даҳҳо зан бо қасди худкушӣ худро партофтааст.
Дар руди Вахш даҳҳо зан бо қасди худкушӣ худро партофтааст.

Як зани 33-солаи сокини ноҳияи Вахш, ки мехост худкушӣ кунад, мегӯяд, пас аз машварати кормандони созмоне аз ин нияташ даст кашид.

“Ояндаи беҳтаре дар пеш аст, зиндагиро мешавад аз ин беҳтар сохт, худкушӣ роҳи ҳал нест ва барои фардои худу фарзандон бояд зист,”- аз машваратҳое буданд, ки ӯро дубора ба зиндагӣ ва талош барои сохтани оянда дилгарм сохт.

Ин зан, ки нахост, номаш гуфта шавад, ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки ҷанҷоли оилавӣ дар хонаи шавҳар, фақру бекорӣ ва фишори шавҳару хонавода боиси ин тасмимаш шуда буд.

"Мегуфтанд, талоқаш деҳ"

Сабабе, ки солона даҳҳо занро дар Тоҷикистон ба худкушӣ тела медиҳад. Аммо ин зан мегӯяд, дар охирин ҳолат ба мададаш кормандони созмони ҷамъиятии “Ғамхорӣ” дар шаҳри Бохтар расиданд.

“Ҳар рӯз бо бародарони шавҳарам ҷанг буд. Мегуфтанд, талоқаш деҳ. Шавҳарам дар миёна монда буд. Хонаи иҷора рафтем, вале маро шавҳарам ва бародараш азият медоданд. Аз зиндагӣ дилам монд ва гуфтам худамро ба дарё мепартоям, ки ба додам кормандони ин ташкилот раисданд,”--нақл кард ин зан.

Кормандони созмони “Ғамхорӣ” тасодуфан ин занро пайдо намуданд. Ба ӯ ва шавҳараш кумаки ҳуқуқӣ ва равонӣ расониданд. Барои писари дуюнимсолааш, ки ҳеҷ санаде надошт, шаҳодатномаи таваллуд дуруст карданд.

Бо машварти ин созмон, ҳоло ин зан бо шавҳараш аз роҳи тиҷорати хурд пул меёбанд.

Ин зан дубора ба ҳавлии падари шавҳараш баргашт ва дар ҳуҷраи алоҳидае зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, як сабаби ҷанҷол нодорӣ буд, ки аз байн рафт ва дигар ӯ аз серкорӣ ба "ҷанҷолҳои хурд" аҳамият намедиҳад.

Ҳоло, ба гуфтааш, зиндагиаш беҳтар аст ва шавҳараш ҳам ҳаддалимкон даромадашро бо ӯву писараш сарф мекунад.

Сарнавиштҳои ҳамсон

Ҳуқуқшинос Мадина Низомова, ки ба ин хонавода кумак кардааст, наздики бист сол боз дар созмони “Ғамхорӣ” кор мекунад ва ду соли охир раҳбари он аст. Ин созмон барои занони озордида паноҳгоҳ дорад ва ба онҳо машварати равонию ҳуқуқӣ мерасонад. Дар назди ин муассиса равоншиносон, ҳуқуқшиносон ва ёварон кор мекунанд ва ба муштариён ёрии ройгон мерасонанд.

Низомова мегӯяд, барои занҳое, ки дар ҳолати бади равонӣ қарор доранд, барномаи вижаи кӯмакрасонӣ доранд. Дар аввал мушкили зан барраси мешавад. Пас аз дақиқ шудани мушкил равоншинос ба занҳо кумак мекунад ва баъдан ҳуқуқшинос аз пайи ҳали мушкили ҳуқуқиашон мешавад.

“Афсӯс, ки ингуна мисолҳо кам нест," - мегӯяд ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. - Як дафъа зане соати 12 шаб ба ман занг зад, ки “дар болои купрукам, ба ҷонам расидааст зиндагӣ, худро ба дарё меандозам”. Бо шавҳарам ба наздаш расида рафтему ӯро ба гап гирифта аз ин роҳ баргардондем. Пешниҳод кардам, ки шабро дар хонаи мо рӯз кунад, қабул накард, ба хонаи як хешаш бурдем,” --гуфт Мадина Низомова.

Ба нақли Низомова, зани дигаре, ки мехост худкушӣ кунад, дар авҷи пандемияи COVID-19 фарзандашро аз даст дода буд. Хешовандонаш ӯро барои муроҷиат ба духтуру гузаронидани сӯзандоруҳое, ки ҳангоми талоши наҷоти кӯдаки бемори коронавирус дар беморхона қабул кардаву натиҷа надодааст, модарро гунаҳгор карданд. Онҳо ҳам бо кумаки равонӣ ва ҳуқуқӣ ин занро аз роҳаш пас гардонданд.

“Дар давраи пандемия воқеан ҳам зӯроварӣ дар хона зиёд шуд. Мардон ҳам муроҷиат мекарданд, чунки дар ин давра бекору бепул монданд ва дар хона таҳти фишори иқтисодӣ ва равонӣ қарор гирифтанд”,-- мегӯяд Мадина Низомова.

518 ҳолати худкушӣ дар як сол

Соли 2021 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 518 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба онро сабт кард, ки бештарашон занон будаанд. Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ мегӯяд, хушунати оилавӣ, муддати тӯлонӣ дар муҳоҷират қарор доштани ҳамсарону падарон ва вазъи ноустувори моддӣ аз сабабҳои асосии дилсардӣ аз зиндагӣ гуфта мешаванд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Анҷумани байналмилалии пешгирӣ аз худкушиҳо ҳисоб кардаанд, ки соле 700 ҳазор сокини сайёра даст ба худкушӣ мезананд ва 77 дарсади ин ҳодисаҳо дар кишварҳое бо даромади миёнаву поин сабт мешаванд. Фаъолони анҷуман, ки барои боло бурдани сатҳи огаҳӣ аз ин мушкил 10-уми сентябри ҳар сол “Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз худкушӣ”-ро барпо мекунанд, мегӯянд, ин талошҳо ба хотири таъмини солимии фазои ҷомеа ва тарбияи солими кӯдакон хеле муҳиманд.

Дар Тоҷикистон ҳам солҳои охир, ба қавли фаъолон, аз ҷумла дар натиҷаи заҳмати созмонҳои ҳомии ҳуқуқи занон, пешрафте мушоҳида мешавад. “Занҳо аллакай медонанд, ки аз ноадолатиҳо ба куҷо бояд шикоят кунанд, то ҳимоят ва дастгирӣ ёбанд. Баъд қонуни пешгирии зӯроварӣ дар оила ҳаст, моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ “Ба худкушӣ расонидан” ҳаст. Мардум аллакай бохабар ва огоҳ ҳастанд, вале ман аз таҷрибаи кори худ мегӯям, ки тоқати зиёду ба касе нагуфтани мушкили худ занҳоро то ба ин ҳолат (худкушӣ) оварда мерасонад,”--гуфт Мадина Низомова.

Ба гуфтаи ин фаъоли ҷамъиятӣ, солҳои охир масъулони риштаи кор бо занону оила усули “хона ба хона”-ро ҳам пиёда кардаанд ва ба манзили оилаҳое, ки он ҷо мушкилӣ вуҷуд дорад, рафта суҳбат мекунанд. Ӯ мегӯяд, барои муассиртар шудани талошҳо, ба вижа дар деҳоти дурдаст, нақши раисони ҷамоатҳову занони фаъол ва ҳатто ҳамсояҳо муҳим аст, ки бетараф набошанд ва баробари рӯй додани мушкиле ба кумаки аъзои он оила шитобанд. "Муҳим, ки бетараф набошем,"-- мегӯяд ӯ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG