Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На ВКД иттилоъ медод, на марзбониву Вазорати тандурустӣ" ВИДЕО


Яке аз хонаҳои сӯхта дар Исфара
Яке аз хонаҳои сӯхта дар Исфара

Танқиди як намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аз кори рӯзноманигорон ҳангоми бозтоби муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон баъзе вокунишҳоеро ба миён овард. Масрур Абдуллозода гуфт, хабарнигорон натавонистанд, мавқеи кишварро дуруст ва бо забонҳои гуногун бозтоб диҳанд. Баъзе аз хабарнигорон мегӯянд, мақомоти давлатӣ саривақт иттилоъ надоданд.

Изҳороти Масрур Абдуллозода, яке аз мушовирони Дастгоҳи иҷроияи президент, рӯзи 11-уми март дар маъракае бахшида ба Рӯзи матбуот садо дод. Норозигияш аз он буд, ки дар низои моҳи сентябри соли гузашта дар марз бо Қирғизистон, мавқеи Тоҷикистон бо забонҳои хориҷӣ камтар бозтоб ёфт.

Хабаргузории “Азия-Плюс” даргириҳоро дар сарҳад бо Қирғизистон васеъ инъикос мекунад. Кормандонаш дар рӯзҳои муноқиша чанд шабро дар дафтари корӣ рӯз карданд. Баҳманёр Надиров, муовини сардабири “Азия-Плюс”, мегӯяд, решаи мушкил набудани маълумот буд.

Баҳманёр Надиров
Баҳманёр Надиров

Ба қавли Надиров, рӯзноманигорони тоҷик дар рӯзҳои низоъ дар сарҳад ба ҷуз чанд баёнияи башумури Нерӯҳои марзбонӣ, аз мақомоти дигар иттилое гирифта натавонистанд.

“Ба Вазорати тандурустӣ вобаста ба омори кушташудаҳо ва маҷруҳон, ба Нерӯҳои сарҳадӣ вобаста ба вазъи марз, ба Вазорати корҳои дохилӣ ва ниҳодҳои дигар муроҷиат мекардем. Ягон маълумот дастрас карда наметавонистем,” – нақл кард ӯ.

Вай рӯзи 13-уми март гуфт: “Пештар сухангӯи ҳукуматҳои маҳаллӣ ё раиси ҷамоат метавонистанд, дар бораи вазъият чизе гӯянд. Ҳатто онҳо намехостанд, суҳбат кунанд. Ҳамин қадар мегуфтанд, ки маълумоти расмиро аз Нерӯҳои сарҳадӣ дастрас кунед ё дар “Ховар” чоп мешавад. Мушкили асосӣ кам будани иттилои расмӣ буд.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Кори хабарнигорони тоҷикро суст хонданд, вале...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Дар ҳар муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баҳси чӣ гуна расондани иттилоъ доғ мешавад. Бархе аз шикасти Тоҷикистон дар ҷанги ба истилоҳ иттилоотӣ мегӯянд ва танқиди ахир гуё ишора ба сабаби он аст.

Набӣ Юсуфов, муассиси сомонаи таҳлилии “Нуқта”, бештар ба забони русӣ матлаб менависад. Ӯ мегӯяд, мушкил дар он буд, ки Қирғизистон маълумоти расмиро саривақт пахш мекард, аммо ин кор аз тарафи Тоҷикистон бо таъхир сурат мегирифт.

“Аз як хабарнигори хориҷӣ пурсидам, чаро созмонҳои байнулмилалӣ далелҳои ҷониби моро нодида гирифт? Посух дод, ки маълумоти фаврӣ аввалин шуда аз он тараф (Қирғизистон) расид. Аз ҷониби Тоҷикистон, баръакс, қариб иттилоъ набуд. Бинобар ин, ҳамкори хориҷии ман гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сарчашмаи якум бовар кард,” -- гуфт муассиси сомонаи таҳлилии “Нуқта”.

Ҳадди ақал чаҳор хабарнигори ҳамсуҳбати мо роҳи ҳалро дар дастрасӣ ба иттилоъ мебинанд. Баҳманёр Надиров, муовини сардабири хабаргузории “Азия-Плюс”, мегӯяд, агар мақомот иттилои заруриро ба забони тоҷикӣ дар ихтиёри расонаҳо гузоранд, “кам ҳам бошад, рӯзноманигороне дорем, ки метавонанд ҳамон иттилоъро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонанд.”

Интиқоди мақомдори давлатӣ аз хабарнигорон дар ҳоле садо медиҳад, ки солҳои ахир рӯзноманигорон аз фишору маҳдудиятҳои афзоянда шикоят доранд. Дар соли гузашта 7 рӯзноманигор ва блогер, ки дар гузашта чанде аз онҳо дар бозтоби даргириҳои марзӣ ва пайомадҳои он иштирок доштанд, боздошту зиндонӣ шуданд.

Моҳи марти имсол боз як хабарнигор дастгир шуд. Вазъе, ки ба бовари рӯзноманигорон ба кор ва рӯҳу равони онҳо зарба мезанад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG