Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ду шаҳрвандашро, ки аз Қирғизистон гирифта буд, дар зиндони Ёвон ҷой кард


Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров
Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров

Мақомоти Тоҷикистон Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро, ки Додгоҳи Қирғизистон ба солҳои дароз зиндонӣ карду се моҳ пеш ба Душанбе супурд, аз боздоштгоҳи Хуҷанд ба зиндони ноҳияи Ёвон бурдаанд. Мақомот тасмими худро шарҳ надоданд, аммо дар гузашта ҳукми онҳоро дар Қирғизистон сангин хонда, ба озодияшон даъват доштанд. Пайвандонашон мегӯянд, ваъдаи афв иҷро нашуд.

Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, гуфт, онҳоро рӯзи 17-уми сентябр барои адои ҷазо ба маҳбаси Ёвон бурдаанд. Ӯ рӯзи 21-уми сентябр гуфт: "Ҳоло дар карантин ҳастанд. Ҳафтаи гузашта аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба ман гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳоро барои афв пешниҳод кунед. Ҳамаро дуруст кардем. Ҳоло мегӯянд, ҳардуро ба зиндон бурдаанд, ҳеч намефаҳмам."

Кӯшиши мо барои дарёфти назари масъулони Додситонии вилояти Суғд дар робита ба қазияи Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов натиҷа надод.

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, аммо то баҳори соли 2021 дар деҳаи Борбодуки вилояти Бодканди Қирғизистон зиндагӣ мекарданд. Соли гузашта муҳокимаи онҳо дар Бодканд дар расонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон бозтоби зиёде дошт, чун баъди муноқишаи хунин дар марзи ду кишвар дастгир шуданд.

Муфаттишон дар Қирғизистон гуфтанд, дар телефони яке акси якҷояашро бо сарбозони тоҷик ёфтанд. Дигариро ба ғоратгарӣ дар айни ҷанг гунаҳкор донистанд, ҳарчанд хешовандони шаҳрвандони Тоҷикистон мегуфтанд, ки иттиҳомот асос надорад ва муҳокима ҳам дар вилояти Бодканд ноодилона ва бо қонуншиканиҳо сурат гирифтааст.

Дар он муноқиша аз ҳарду тараф 55 нафар кушта ва бештар аз 200 каси дигар маҷруҳ шуданд. Қирғизистон пас аз муноқиша сарҳадашро пурра ба рӯйи Тоҷикистон баст ва ду кишвар даҳҳо шаҳрванди ҳамдигарро боздошту зиндонӣ карданд.

Соли 2021 барои убури ғайриқонунии марз 39 шаҳрванди Қирғизистон дар Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз барои таъину нишонагузории хати сарҳад баҳсу ҷанҷол доранд.

Дар задухӯрди рӯзи 14-17-уми сентябри имсол дар сарҳад аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва хонаҳои зиёде сӯхтаву вайрон шудааст. Тоҷикистон гуфт, дар даргириҳои марзӣ 41 талафот дод, вале Радиои Озодӣ то кунун номи беш аз 60 қурбониро гирд овардааст. Ҷониби Қирғизистон дар бораи кушта шудани 59 нафар гузориш дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG