Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони тоҷиктаборонро дар Қирғизистон "бисёр сахт" хонданд. ВИДЕО


Баъд аз эълони ҳукм

Хешовандони се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон, ки дар вилояти Бодканд зиндонӣ шуданд, мегӯянд, ҳукми додгоҳ бисёр сахт аст ва онҳо ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд. Мақомоти интизомии Қирғизистон мегӯянд, далелҳои кофӣ дар даст доранд ва тафтишот тибқи қонун ҷараён гирифтааст.

Акмалҷон Исоев, сокини ноҳияи Лайлак ва падари ду фарзанд, яке аз онҳост. Ӯ бо гумони ғоратгарӣ, вайрон кардани амволи хусусиву давлатӣ ҳангоми муноқишаи мусаллаҳона миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва қочоқи маводи мухаддир дар баҳори имсол дастгир шуд. Додгоҳи ноҳияи Лайлак рӯзи 21-уми сентябр ӯро ба 15 сол зиндон маҳкум кард. Наздиконаш бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.

Раъно Исоева
Раъно Исоева

Раъно Исоева, хоҳари Акмалҷон, мегӯяд, "намедонам, чӣ хел дар ҳавлии мо, дар дохили ҷӯяки помидор, маводи мухаддир ёфтанд. Ҳамаи ин сохта аст. Вай ягона ноновари хона аст, падарамон фавтида, модарамон бемор аст. Ӯ ду фарзанд дорад."

Пештар вакили мудофеъ пешниҳод карда буд, ки банди вобаста ба қочоқи маводи мухаддир аз парвандаи Исоев бардошта шавад, вале додрас напазируфт. Мақомот дар додгоҳ гуфтаанд, дар ин бора навори видеоӣ доранд, вале наздиконаш дурустии онро зери суол мегузоранд.

Додгоҳ Амонҷон Бобоҷонов ва Аюбҷон Урунов, сокинони деҳаи Борбордуқи ноҳияи Лайлакро ба 8,6-солии зиндон маҳкум кардааст.

Комилҷон Урунов
Комилҷон Урунов

Комилҷон Урунов, падари Аюбҷон Урунов, мегӯяд, "писарам дар вақти муноқишаи моҳи апрел дар Қирғизистон буд. Ӯро бо мошини ҳамсоя, ки дуздида шуда будааст, ба Тоҷикистон мебаранд. Писарам мошинеро, ки дигарон дуздида буданд, баргардонд, вале ба ҷойи раҳмат гунаҳкор шуд."

Ин шаҳрвандон аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон боздошт шуданд. Ба гуфтаи тафтишот, амали муҷримонро дурбинҳои назоратӣ сабт кардаанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар муноқишаи марзии моҳи апрел дар деҳаи Борбордуқи ноҳияи Лайлак чанд амволи хусусӣ оташ зада шуда, хонаҳо ғорат ва чорво рабуда шудааст. Ҷабрдидагон талаб доранд, ки барои ин кор касе бояд ҷавоб гӯяд.

Эмилхон Абдуллоев, соҳибкор аз деҳаи Борбордуқ, гуфт, "милисаҳо мегӯянд, сурату видео доранд. Касе ин корро кардааст, бояд ба ҷавобгарӣ кашид. Муҳим нест, ки ӯ кӣ аст – қирғиз, чинӣ ва ё узбек. Онҳо бояд барои кирдорашон ҷавоб гӯянд. Дар ниҳоят, мо ҳама дар назди Худо ҷавоб мегӯем."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҳукми зиндони тоҷикон дар Қирғизистонро "бераҳмона" хонданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Аз ин пеш бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Лайлак бо гуноҳи ҷиноят алайҳи сулҳ ду шаҳрванди Тоҷикистон Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов ба ҳабси абад ва пардохти ҷарима маҳкум шуданд.

Ба иддаои мақомоти Қирғизистон, Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров рӯзи муноқишаи марзӣ ба Тоҷикистон гурехтааст, ҷое, ки падараш зиндагӣ мекунад. Баъдан ӯ боздошт шудааст. Муфаттишон мегӯянд, дар телефони дастиаш суратҳоеро пайдо карданд, ки ӯ бо низомиёни тоҷик акс гирифтааст.

Абдухалил Абдуқаҳҳоров
Абдухалил Абдуқаҳҳоров

Абдухалил Абдуқаҳҳоров, падари Абдурозиқ, гуфт, "касеро накуштааст, тир напарондааст. Наход, барои як сурат чунин ҷазои сангин диҳанд? Ин мумкин нест, мо ҳукми одилона мехоҳем. Ҳеч исботе дар даст нест, ки ӯ ҷоеро ғорат карда, қонунро вайрон карда бошад."

Ду нафар аз сокини Тоҷикистон, ки ба ҳабси абад маҳкум шуданд, низ дар деҳаи Борбордуқи Лайлак зиндагӣ мекарданд. Онҳо талош доштаанд, шаҳрвандии Қирғизистонро бигиранд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хонаи Аскар Юнусов дар деҳаи Борбордуқи Лайлак, ки ба ҳасби абад маҳкум шудааст, касеро пайдо накарданд. Ҳамсояҳо гуфтанд, дар ин хона чанд рӯз боз касе нест. Зани Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров бо чор кӯдак дар Тоҷикистон аст. Волидонаш дар деҳаи Борбордуқ зиндагӣ мекунанд.

Дар муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар поёни моҳи апрели имсол 19 шаҳрванди Тоҷикистон ва 36 шаҳрванди Қирғизистон кушта ва даҳҳо нафари дигар аз ду тараф захмӣ шуданд.

Дар вилояти Суғди Тоҷикистон 22 хона ва чанд амволи хусусӣ сӯхтаву вайрон шудааст. Дар Бодканди Қирғизистон 140 хона, 5 мактаб, 3 боғчаи бачагон, 24 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 60 амволи хусусиву тиҷоратӣ ва ду дидбонгоҳи марзӣ пурра хароб шуданд. Додситонҳои кулли ду кишвар аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG