Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз ҳамсараш 45-сол хурд буд." Дар Русия никоҳи муҳоҷири тоҷикро бекор карданд


Барои никоҳи қалбакӣ дар Русия борҳо муҳоҷиронро ба ҷавобгарӣ ҷалб кардаанд.
Барои никоҳи қалбакӣ дар Русия борҳо муҳоҷиронро ба ҷавобгарӣ ҷалб кардаанд.

Додситонии минтақаи худмухтори Юграи Русия издивоҷи як муҳоҷири тоҷик бо зани русро, ки 45-сол аз худаш бузургтар будааст, бекор кардааст.

Санҷиши додситонии Нефтеюганск маълум кардааст, ки издивоҷи зани рус бо марди тоҷик ғайривоқеӣ ва сохта буда, онҳо бо ҳам зиндагии якҷоя надоштаанд. Додситонии минтақаи Ханти-Манти рӯзи 2 юми март бо нашри як хабарнома дар сомонааш навиштааст, фарки синну соли байни зану шавҳар аз 45-сол зиёд буда, баъди бастани ақди никоҳ онҳо зиндагии якҷоя надоштанду аз ҳайёти шахсии якдигар хабаре надоранд. Баъди бекор кардани ақди никоҳ шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия хориҷ шудааст.

Назари зани рус ва муҳоҷири тоҷик дар робита ба қазия дастрас нест.

Бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба хотири ҳарчи зудтар ба даст овардани шаҳрвандии он кишвар бо занону духтарони рус издивоҷ мекунанд. Дар бархе ҳолатҳо санҷиш сохта ва ғайривоқеӣ будани чунин издивоҷҳоро маълум ва бекор мекунад.

Дар минтақаҳои Русия зоҳиран ба таҳқиқи никоҳҳои қалбакии шаҳрвандони ин кишвар бо муҳоҷирон шурӯъ кардаанд. Дар вилояти Липетски Русия ниҳодҳои қудратӣ якҷо бо идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ издивоҷҳои шубҳаноки занони рус, махсусан бо муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Озарбойҷонро тафтиш мекунанд.

Дар ин бора Додситонии ин вилоят аввали моҳи март дар сомонааш хабар додааст.

Мақомот бо ҳамсояҳои чунин хонаводаҳо ҳамсӯҳбат шуда, мепурсидаанд, ки оё ин ҷуфтҳо моликияту хоҷагии муштарак доранд ва якҷо ба рухсатӣ ё барои харид ба фурӯшгоҳҳо мераванд ё не?

Ахиран дар пайи чунин санҷишҳо додгоҳи ноҳияи Левобережний никоҳи се зани сокини шаҳри Липчанро бо хориҷиён қалбакӣ дониста бекор кард. Ба иттилои мақомот санҷиш маълум кардааст, ки занон сирф бо ҳадафи дарёфти даромад бо муҳоҷирон, ки мехостанд бо роҳи осон шаҳрвандии Русияро бигиранд, ақди никоҳ бастаанд.​

XS
SM
MD
LG