Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду қочоқбарро куштаанд


Маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон
Маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, дар натиҷаи як даргирӣ бо гуруҳи қочоқбарони маводи мухаддир дар марзи Афғонистон ду нафар аз онҳоро куштаанд.

Телевизиони давлатии Тоҷикистон имрӯз дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки тирандозӣ бо гуруҳи панҷ нафарии қочоқбарон рӯзи 21-уми феврал дар яке аз гӯшаҳои ноҳияи Фархор ҳаммарз бо вилояти Тахори Афғонистон сурат гирифтааст.

Дар гузориш омадааст кормандони кумитаи амниятӣ миллӣ ва марзбонони тоҷик бо гуруҳи қочоқбар вориди даргирӣ шудаанд ва се нафари онҳо ба Афғонистон фирор кардаанд.

Тасдиқи дурустии ин гузориш аз манобеи дигар ғайриимкон аст.

Телевизиони давлатӣ дар гузориш ду ҷасади олуда ба хун ва бастаҳои зиёди маводи мухаддирро нишон дод, ки ба гуфтаи мақомот 80 килограм ҳашиш аст.

Тоҷикистон яке аз роҳҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба ҳисоб меравад ва имсол бори аввал аст, ки аз даргирӣ дар марз бо Афғонистони таҳти идораи Толибон хабар нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG