Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Си Ҷинпин бори севум раҳбари Чин интихоб шуд


Вакилони Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ Си Ҷинпинро бори севум раҳбари Чин интихоб карданд.

Дар ин бора хабаргузории Синхуа иттилоъ додааст. Ин бори аввал аст, ки дар Чин як раисҷумҳур бори сеюм курсии худро ҳифз мекунад.

Нашрияи "Коммерсант" хабар додааст, ки Ҷинпин дубора раиси Шӯрои марказии низомии Чин баргузида шуд ва аз ин қарор 2959 вакил якдилона ҷонибдорӣ кардаанд. Муовини раиси шӯро Хан Чжэн муовини президенти Чин интихоб гаштааст.

Раъйгирӣ дар иҷлосияи 14-уми Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ сурат гирифтааст. Пеш аз ин, вакилон нақшаи гузаронидани ислоҳот дар дастгоҳи Шӯрои давлатии Чинро қабул карда буданд.

Шӯрои давлатӣ мақоми олии иҷроияи Чин аст. Нақшаи ниҳоии ислоҳоти он ҳанӯз нашр нашудааст. Танҳо гуфта шудааст, ки ислоҳот "раҳбарии мутамарказ"-и Ҳизби коммунистии Чинро тақвият хоҳад бахшид.

Си Ҷинпини 69-сола соли 2012 дабири кулли Ҳизби коммунистии Чин интихоб гашта, ду бор, солҳои 2013 ва 2018 раҳбари ин кишвар интихоб шудааст.

XS
SM
MD
LG