Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирдавсӣ. "Тоҷикистони кӯчак" дар Қазоқистон. ВИДЕО


Як гуруҳ аз сокинони деҳаи Фирдавсӣ
Як гуруҳ аз сокинони деҳаи Фирдавсӣ
Баъд аз қариб як аср зиндагӣ дар Қазоқистон, тоҷикони ин кишвар фарҳанг ва забони худро нигоҳ доштаанд. Дар деҳаҳои тоҷикнишини Қазоқистон, аз ҷумла дар маҳаллаи Фирдавсӣ, аз урфу одат то муошират тоҷикӣ аст. Радиои Озодӣ дар як достони видеоӣ зиндагии тоҷикони Қазоқистонро ба риштаи тасвир кашид.

Тоҷикон ба Қазоқистон дар солҳои 30-юми асри гузашта аз ду минтақа омадаанд. Гуруҳи аввал, ки бештар рӯҳониён буданд, аз тарси ба гуфтаашон таъқиботи сталинӣ аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҷануби Қазоқистон кӯчиданд.

Гуруҳи дуввуми тоҷикон аз атрофи шаҳри Самарқанд, бахусус аз ноҳияи кӯҳистонии Фориш, ба инҷо омаданд. Ин гуруҳи тоҷиконро шароити сахти зиндагӣ дар зодгоҳ маҷбур кард, Қазоқистонро макони зист интихоб кунанд.

Мулло Исмоил, яке аз чаҳор нафари аввал буд, ки ба инҷо кӯчид. Ӯ рӯҳонӣ буд ва ба гуфтаи наздиконаш агар кӯч намебаст, шояд боздошт ва зиндонӣ мешуд.

Яҳёхоҷа Исмоилов, набераи Мулло Исмоил, мегӯяд, “баъзе аз суханҳое мегӯянд, ки ба роҳбарони ҳамонвақта маъқул намешавад. Яке аз сарбозон ба бобоям гуфтааст, домулло, агар тавонед равед, мо аздусар шуморо мегирем. Ҳамин гап сабаб шуд, ки як шаб хеста аввал ба Ӯротеппа мефароянд ва баъдан ба Қазоқистон меоянд.”

Теъдоди тоҷиконе, ки аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Қазоқистон кӯчиданд, дар оғоз ҳамагӣ чаҳор нафар буд. Баробари онҳо қариб 500 оилаи тоҷик аз атрофи Самарқанд ба ҷануби Қазоқистон кӯчид.

Шароити зиндагии онҳо дар оғоз мушкил будааст. Як қисм, бахусус рӯҳониён, аз тарси таъқибҳои сталинӣ маҷбур буданд, як муддат дар миёни қамишзор зиндагӣ кунанд. Кӯчидани тоҷикон ба Қазоқистон то солҳои 60-уми асри гузашта идома кард. Як қисми кам дубора ба Тоҷикистон баргаштанд, вале аксарият дар Қазоқистон монданд.

Тибқи омори Маркази ҷумҳуриявии фарҳангӣ ва этникии тоҷикон, ҳоло дар вилояти Туркистон, дар ҷануби Қазоқистон, ҳудуди 45 ҳазор тоҷики таҳҷоӣ ҳастанд. Тоҷикон дар инҷо 12 мактаби тоҷикӣ доранд.

Маъракаи тоҷикон дар Қазоқистон
Маъракаи тоҷикон дар Қазоқистон

Маҳаллаҳои тоҷикнишин, аз ҷумла деҳаи Фирдавсӣ, аз Тоҷикистон ҳудуди 200 километр масофа доранд. Аз гузаргоҳи Фотеҳободи Тоҷикистон то ин деҳа 2,5 соат роҳ аст. Қисмати асосии роҳ аз дохили Узбекистон мегузарад. Тоҷикони Қазоқистон бо хешовандони худ дар Тоҷикистон равуои наздик доранд. Мушкил дар солҳои гузашта танҳо гузаштан аз марзи Узбекистон буд, ки ҳоло рафъ шудааст.

Ҳангоми гаштугузор дар маҳалҳои тоҷикии Қазоқистон камтар эҳсос мешавад, ки берун аз Тоҷикистон ҳастед. Тӯйи тоҷикон дар Қазоқистон ба мисли маъракаҳои хурсандӣ дар Тоҷикистон мегузарад.

Алимаҳмад Кӯчаков дар Қазоқистон ва ҳам дар Тоҷикистон ош мепазад. Мегӯяд, дар тӯйи тоҷикони ду кишвар тақрибан фарқиятеро намебинад.

Ба ғайр аз тӯй, тоҷикони Қазоқистон дигар урфу одатҳои худро низ ҳифз кардаанд. Масҷиди деҳа ва маҳалла номи Абулқосим Фирдавсиро доранд. Теъдоди дақиқи имомҳои тоҷик дар Қазоқистон маълум нест. Танҳо аз наберагони Мулло Исмоил қариб 30 нафар дар масҷидҳои ин кишвар имом будаанд.

Сарфи назар аз ин дар Қазоқистон низ маҳдудиятҳое ҳаст, ки тоҷикон аз он розӣ нестанд. Дар Қазоқистон низ ба мисли Тоҷикистон духтарон наметавонанд, бо рӯймол ба мактаб раванд. Пештар тоҷикони Қазоқистон ба ин иқдом эътироз карданд, аммо вазъ тағйир наёфт.

Акс аз соли 2018
Акс аз соли 2018

Зиндагии тоҷикон дар Қазоқистон ба далели маошу нафақаи нисбатан зиёд дар он кишвар аз Тоҷикистон беҳтар шумурда мешавад. Сокинон бо об, барқ ва газ таъмин будаанд. Мардум асосан ба кишоварзӣ бахусус ба парвариши пахта ва харбуза машғуланд. Як қисми замин шӯр аст ва деҳқонон ҳосили кам мегиранд.

Як гардиши куллӣ дар зиндагии тоҷикони Қазоқистон сели соли 2020 буд. Шаби якуми майи соли 2020 садди обанбори Сардобаи Узбекистон канда шуда ва об ба тарафи деҳаи Фирдавсӣ равона шуд. Сокинон зуд хонаву дарашонро партофта рафтанд.

Эшонхоҷа Шодмонов, раиси маҳаллаи Фирдавсӣ мегӯяд, сокинонро 20-25 километр дур аз ҷойи ҳодиса дар мактаб, боғча ва корхонаҳо ҷобаҷо карданд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, мардуми одии тоҷик, қазоқ ва миллатҳои дигар ба ёрии онҳо шитофтанд.

Давлати Қазоқистон барои ҳар оилаи зарардида аз сел 17 миллион танга ҷудо кард, ки қариб ба 40 ҳазор доллар баробар буд. Аз ҳисоби ин маблағ манзили сокинон бунёд шуда, кӯчаҳо мумфарш карда шуданд.

Сохтмони хонаҳои нав пас аз харобкориҳои сели Сардоба дар Қазоқистон
Сохтмони хонаҳои нав пас аз харобкориҳои сели Сардоба дар Қазоқистон

Онҳое, ки бори аввал аз Тоҷикистон ба Қазоқистон кӯчиданд, дигар дар қайди ҳаёт нестанд. Фарзанду набераҳои онҳо дар Қазоқистон ба дунё омада, ҳамонҷо бузург шудаанд. Бо вуҷуди ин, худро фарзанди Тоҷикистон меҳисобанд ва умед доранд, ки дар Тоҷикистон ҳам онҳоро худӣ медонанд.

Хостаи тоҷикони Қазоқистон ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон фарзандони онҳоро бо китобҳои нави тоҷикӣ таъмин кунанд.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Фирдавсӣ. Деҳаи тоҷикон дар Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:17:07 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG