Маъмурони пулиси Покистон гуфтанд, рӯзи 5-уми март гуруҳе аз афсаронро барои боздошти нахуствазири пешин Имрон Хон ба шаҳри Лоҳур фиристоданд, вале ҳеч коре аз дасташон наомадааст, чун тарафдоронаш хонаи ӯро иҳота карда, монеи ин кор шудаанд.
Имрон Хони 70-сола ба ҷиноятҳои гуногун аз ҷумла пинҳон доштани ҳадяҳои давлатӣ ва ё фурӯхтани онҳо муттаҳам мешавад. Дар дигар парванда ӯро ба терроризм ва ё талоши сӯиқасд ба ҷони рақиби сиёсиаш муттаҳам мекунанд, вале ин иддаоҳо сабаби ихтилофи зиёд дар ҷомеа шудааст, чун онҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.
Додгоҳи Покистон рӯзи 28-уми март амри боздошти Имрон Хонро содир карда буд. Идораи Пулиси Исломобод рӯзи 5-уми март дар Твиттер хабар дод, онҳое, ки монеи иҷрои амри додгоҳ шуданд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Имрон Хон, ки чавгонбози шинохта буд, раҳбари Ҳизби Таҳрики Инсоф аст ва аз соли 2018 то соли 2022 нахуствазири Покистон буд.