Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гросси умедвор аст ҳамкориҳо бо Эрон самарабахш хоҳад шуд


Рафаэл Гросси, раҳбари Оҷонсии байналмилалии нирӯи атомӣ ва Беҳрӯз Камолвандӣ, сухангӯи Оҷонсии нирӯи ҳастаии Эрон. Теҳрон, 3-юми март
Рафаэл Гросси, раҳбари Оҷонсии байналмилалии нирӯи атомӣ ва Беҳрӯз Камолвандӣ, сухангӯи Оҷонсии нирӯи ҳастаии Эрон. Теҳрон, 3-юми март

Рафаэл Гросси, раҳбари Оҷонсии байналмилалии нирӯи атомӣ рӯзи 4-уми март гуфт, ки музокираҳо бо Эрон дар ду самти калидӣ, аз ҷумла, дар бахши илмӣ идома доранд ва ӯ гуфт, ки аз ин ҷараён умедвориҳои зиёде дорад. рӯзи 3-юми март Гросси дар Теҳрон музокиротро бо мақомоти ин кишвар ба роҳ монд. Ҳадафи оҷонсӣ ин аст, ки Эронро барои таҳқиқи ошкор шудани изи уран дар муассисаҳои қаблан сабтнашуда водор кунад. Мизони уранро наздик ба истеҳсоли силоҳи атомӣ арзёбӣ мекунанд. Гросси дар сӯҳбат бо журналистон дар Теҳрон гуфт, ки “аз ин ҳамкории муштаракамон умеди зиёде дорем, то ки дар масоиле, ки Эрону оҷонсӣ сарашон кор мекунанд, пешрафте ҳосил шавад”.

XS
SM
MD
LG