Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъҳои Рейтерс: Лӯлаҳои харобшудаи Nord Stream феълан таъмир намешаванд


Манбаъҳои ошно бо тарҳи лӯлаҳои зериобии гази русии Nord Stream («Северный поток») ба оҷонсии Рейтерс гуфтанд, ки ин тарҳ феълан пурра аз фаъолият мемонад ва дар фурсати наздик таъмир ё ба кор андохтани он дар назар нест. Як манбаи дигар дар Русия ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки Маскав ин тарҳро “гӯр кардааст”.

Ду манбаи дигар гуфтаанд, ки айни замон нақшаи таъмири лӯлаҳои харобшуда дар даст нест, вале шояд он барои дар оянда барқарор шудан дар ҳамин шакл нигоҳ дошта мешавад. Моҳи гузашта вазоратҳои хориҷаи Дания, Шведсия ва Олмон гуфтанд, ки таҳқиқи ҳодисаҳои соли гузашта хароб шудани лӯлаҳои газ идома дорад ва маълум нест, ки кай ба охир мерасад.

XS
SM
MD
LG