Аз рӯи ҳодисаи марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон таҳқиқи пеш аз додгоҳӣ шурӯъ шудааст. Матбуоти Қазоқистон хабар дод, ки дар як садамаи автомобилӣ рӯзи 3-юми март дар қитъаи роҳи Самара-Шимкент, дар наздикии деҳаи Қалибаи ноҳияи Иргизи Қазоқистон як шаҳрванди Тоҷикистон даргузашт. Чанд расонаи маҳаллӣ хабар дод, ки дар натиҷаи бархӯрди нақлиёти мошинбари Volvo ва барбари DAF, ронандаи DAF даргузашт. Маълум гардид, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Дар ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳуввияти шахси кушташударо месанҷанд, вале феълан маълумоти бештар дар даст нест.
Барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ шоҳроҳҳои Қазоқистон самти муҳими ҳаракати мусофирону мошинҳои борбар ба самти Русия ба ҳисоб мераванд. Баробар бо ин, хатари рух додани ҳодисаҳои нохуш ҳам кам нест. Феврали соли 2020 ҳам матбуоти Қазоқистон дар бораи як садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Қарабутак-Костанай хабар дод, ки дар он чор шаҳрванди Тоҷикистон ҷон доданд.
Бино ба омори ҳукумати Қазоқистон, дар 9 моҳи соли 2022 дар ин кишвар беш аз 10 ҳазор садамаи автомобилӣ рух додааст, ки ҷони 1700 нафарро гирифт. Гузориши додситонии кулли Қазоқистон мегӯяд, беш аз 1900 садама маҳз дар шоҳроҳҳои байналмилалӣ рух додааст.