Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мард барои зан". Дар Тоҷикистон тарҳи нави мубориза бо хушунат роҳандозӣ шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар остонаи таҷлил аз Рӯзи байналмилалии зан, ки ҳамасола 8-уми март ҷашн гирифта мешавад, дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ як ташаббуси байналилалии ҳимоят аз ҳуқуқу баробариҳои зан дар ҷомеа роҳандозӣ шуд, ки HeForShe ном дорад. Аз англисӣ ин ташаббуси байналмилалӣ, ки собиқаи нӯҳсолаи кор дар дигар нуқоти ҷаҳон ва дар пайванд бо барномаи занони СММ-ро дорад, “Мард барои Зан” тарҷума мешавад.

Ташаббускорон мегӯянд, ҳадафи онҳо мусоидат дар ҳалли мушкилоти занон аз роҳи ҷалби мардон мебошад. Сӯҳбату муоширати мардон бо мардон ё писарон бо писарон дар бораи мушкилоти занону духтарон дар ҷомеа, ба бовари ташаббускорон, метавонад барои рафъи бештари мушкилоти вобаста ба хушунат, нобаробарии ҳуқуқ, нақши зан дар ҷомеа ва дигар масъалаҳо хидмат кунад.

“Мард дар ин барнома танҳо бо он далел, ки нирӯву қудрат дорад, ҳомӣ ё сарпарасти зан нест, - мегӯянд муаллифони барнома, - балки иттифоқчии баробаруқуқи ӯ аст” ва ҳадафи куллӣ бунёди як ҷаҳони одил мебошад”.

Имкониятҳои баробар барои занон дар иқтисод ва сиёсат, решакан кардани хушунат, мубориза бо афкори шахшуда ва дигар ормонҳо аз ҳадафҳои азими ин ташаббус гуфта мешавад.

Журналист Саъдӣ Юсуфӣ як сокини Душанбе аст. Ӯ мегӯяд, “агар барои боло бурдани мақоми зан мардҳо ҳам дастбакор шаванд, ҳатман натиҷабахш аст. Як мард, масалан, дар мисоли таомул бо духтар, ҳамсар, хоҳар ва модари худ метавонад намуна шавад. Таҷрибаҳои бисёр муваффақе ҳастанд, ки як мард метавонад бо амалӣ кардан худ як намуна шавад дар доираи хонавода, дар доираи хешу табор ва маҳаллаву ҷое, ки ҳаст”.

Айни замон, ӯ эътироф мекунад, ки дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон “чолишҳои зиёде вуҷуд дорад, ки аз сӯе бо мутобиқсозии мафҳумҳои баробарии ҷинсиятӣ бо боварҳои фарҳангию динӣ рабт мегирад, ки аз гузаштаи дур ба мерос омадааст”. Ба бовари ӯ, барои решаканкунии чунин мушкилот роҳи тӯлоние дар пеш аст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ мегӯянд, аксари чорабиниҳо хислати маъракаро доранд ва бо вуҷуди пурсарусадо гузаштанашон, аз худ таъсири андаке мегузоранд.

Дар Тоҷикистон бо аҳолии беш аз 10 миллион ҷамъият каме беш аз 50 дарсадашро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки дар қиёс бо мардон, қисми зиёдашон баъди хатми мактаб ба кору даромади расмӣ фаро гирифта намешаванд ва дар ҳолати вобастагии моддиву маишӣ аз мард қарор мегиранд.

HRW ё Дидбони ҳуқуқи башар, ки соли 2019 гузориши вижаро дар бораи сатҳи хушунат алайҳи зан дар Тоҷикистон нашр кард (https://www.hrw.org/report/2019/09/19/violence-every-step/weak-state-response-domestic-violence-tajikistan), мегӯяд, хушунат алайҳи занон дар ин кишвар як мушкили сартосарӣ аст ва таҳқиқот нишон медиҳад, ки ба ҳама шаклҳо, аз ҷумла, таҷовуз ба номус, латукӯбу шиканҷа, маҳрум кардан аз озодиву ғизо ва ғайра вуҷуд дорад.

Соли 2013 дар Тоҷикистон дар паи талошҳои чандинсолаи ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои маданӣ Қонун дар бораи мубориза бо зӯроварӣ дар оила" қабул шуд, вале он ҳам барои озордиҳандаи зан танҳо ҷазои маъмуриро пешбинӣ мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG