Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия интиқоли нафт ба як кишвари аврупоиро қатъ кард


Русия интиқоли нафт тариқи лӯлаи "Дружба"-ро ба Лаҳистон (Полша) қатъ кардааст.

Дар ин бора Даниэл Обайтек, директори ширкати истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ "PKN Orlen” дар саҳифааш дар Твитер хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, ширкат пурра ба ин омода буд ва танҳо 10 дарсади нафти хоме, ки онҳо коркард мекарданд, аз Русия дастрас мешуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ин миқдор нафтро аз дигар ҷо дастрас хоҳанд кард.

Ин ширкат бо Русия то моҳи декабри соли 2024 қарордод дошт, вале як рӯз пас аз онки Лаҳистон тонкҳои олмонии "Леопард"-ро ба Украина дод, Русия якҷониба қарордодро лағв кард.

Ин ширкат гуфтааст, нафтро аз роҳи баҳрӣ, аз дигар кишварҳо, дастрас хоҳад кард ва қатъи нафти русӣ ба нархи бензину дигар навъи сӯзишворӣ дар Лаҳистон таъсир нахоҳад дошт.

Хати лӯлаи "Дружба", ба хотири интиқоли нафт ба кишварҳои аврупоие, ки илоҷи аз дигар ҷо дастрас кардани нафтро надоранд, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо таҳрим нашудааст.

То кунун Чехия, Олмон, Словакия ва Венгрия аз ин тариқ нафт мегиранд.

XS
SM
MD
LG